Сафари Раҳмон ба Қатар ва ИМА: Чаро?

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2025
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ ба Давлати Қатар сафар кард
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Давлати Қатар сафар кард ва сипас бо даъвати Доналд Трамп ба ИМА меравад.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Тавре манбаъ иттилоъ додааст, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ ба Давлати Қатар сафар кард.
Ҳамчунин манбаъ илова кардааст, ки баъд аз саммит раҳбари кишвар аз Давлати Қатар бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои қолаби "Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико" ба шаҳри Вашингтон сафар хоҳанд кард.
Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2024
Аз муносибатҳои дӯстона диди нек дорем: Раҳмон Трампро табрик кард
Манбаъ таъкид кардааст, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Тоҷикистонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Лентаи хабарҳо
0