https://sputnik.tj/20251028/tojikiston-nisf-kolo-kishvarho-iiao-mekharad-1072486115.html
Тоҷикистон қариб нисфи колояшро аз кишварҳои узви ИИАО мехарад
Тоҷикистон қариб нисфи колояшро аз кишварҳои узви ИИАО мехарад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз ин кишварҳо асосан, маҳсулоти нафтӣ, гази моъе, гандум, чӯбу тахта, шакар, оксиди алюминий ва равғану орд ворид мекунад
2025-10-28T13:21+0500
2025-10-28T13:21+0500
2025-10-28T13:26+0500
дар тоҷикистон
тиҷорат
ииао
идм
коло
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101444/71/1014447141_0:107:3086:1843_1920x0_80_0_0_acb7c2346befb6144a8c119bf75f61af.jpg
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Қариби нисфи молу коло ба Тоҷикистон аз кишварҳои узви ИИАО, асосан Русия ва Қазоқистон ворид мешавад.Ҷумҳурӣ хариди коло аз кишварҳои ИДМ, асосан узви ИИАО тайи нуҳ моҳ қариби 15% зиёд кард.Дар ин бора Оҷонси омори кишвар дар гузориши тозааш хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ - сентябри соли ҷорӣ аз кишварҳои ИДМ ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 3 млрд доллар коло ворид шудааст, ки асосан ба Русия ва Қазоқистон рост меояд.Ҳамчунин кишвар дар моҳи сентябр ба кишварҳои ИДМ, асосан узви ИИАО ба маблағи беш аз 53 млн доллар мол содир кард.Ин дар муқоиса бо сентябри соли гузашта 55% зиёд мебошад.Дар маҷмуъ тайи нуҳ моҳ ба ИДМ аз Тоҷикистон ба маблағи беш аз 377 млн доллар коло содир шудаст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта қариби 5% кам мебошад, иттилоъ дод агентӣ.Ба Тоҷикистон аз ин кишварҳо асосан, маҳсулоти нафтӣ, воситаҳои нақлиёти сабукрав, гази моъе, гандум, чӯбу тахта, шакар, оксиди алюминий, равғани растанӣ, меваю сабзавот, нуриҳои минералӣ ва орд ворид карда мешавад.Ин дар ҳолест, ки ахиран масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба узвияти ИИАО-ро вазир иқтисоди кишвар Завқӣ Завқизода шарҳ дод.Ӯ гуфт, масъалаи узвияти Тоҷикистон дар ИИАО дар баррасии гурӯҳи кории байниидоравӣ қарор дорад, ки ин масъаларо ҳамаҷониба таҳлил мекунад.Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони блоки иқтисодии ҳукумат, Вазорати адлия, гумрук ва Кумитаи андози Тоҷикистон бо назардошти вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ, тезутунд шудани вазъи геополитикии ҷаҳон ва дигар омилҳои беруна вазъро ҳамаҷониба таҳлил мекунад ва хулосаҳои худро пешниҳод хоҳад кард.Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2015 самаранокии вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад. Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба таҳкими муносибот дар дохили созмон таъкид намуд.Дар миёнаҳои август вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20250806/vazir-iqtisod-payvastshavi-tojikiston-iiao-1069783881.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101444/71/1014447141_120:0:2851:2048_1920x0_80_0_0_b1806280eac876e72536e504bc215a35.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон нисф коло кишварҳо ииао
тоҷикистон нисф коло кишварҳо ииао
Тоҷикистон қариб нисфи колояшро аз кишварҳои узви ИИАО мехарад
13:21 28.10.2025 (Навсозишуда: 13:26 28.10.2025) Тоҷикистон аз ин кишварҳо асосан, маҳсулоти нафтӣ, гази моъе, гандум, чӯбу тахта, шакар, оксиди алюминий ва равғану орд ворид мекунад
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Қариби нисфи молу коло ба Тоҷикистон аз кишварҳои узви ИИАО, асосан Русия ва Қазоқистон ворид мешавад.
Ҷумҳурӣ хариди коло аз кишварҳои ИДМ, асосан узви ИИАО тайи нуҳ моҳ қариби 15% зиёд кард.
Дар ин бора Оҷонси омори кишвар дар гузориши тозааш хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ - сентябри соли ҷорӣ аз кишварҳои ИДМ ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 3 млрд доллар коло ворид шудааст, ки асосан ба Русия ва Қазоқистон рост меояд.
Ҳамчунин кишвар дар моҳи сентябр ба кишварҳои ИДМ, асосан узви ИИАО ба маблағи беш аз 53 млн доллар мол содир кард.
Ин дар муқоиса бо сентябри соли гузашта 55% зиёд мебошад.
Дар маҷмуъ тайи нуҳ моҳ ба ИДМ аз Тоҷикистон ба маблағи беш аз 377 млн доллар коло содир шудаст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта қариби 5% кам мебошад, иттилоъ дод агентӣ.
Ба Тоҷикистон аз ин кишварҳо асосан, маҳсулоти нафтӣ, воситаҳои нақлиёти сабукрав, гази моъе, гандум, чӯбу тахта, шакар, оксиди алюминий, равғани растанӣ, меваю сабзавот, нуриҳои минералӣ ва орд ворид карда мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба узвияти ИИАО-ро вазир иқтисоди кишвар Завқӣ Завқизода шарҳ дод.
Ӯ гуфт, масъалаи узвияти Тоҷикистон дар ИИАО дар баррасии гурӯҳи кории байниидоравӣ қарор дорад, ки ин масъаларо ҳамаҷониба таҳлил мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони блоки иқтисодии ҳукумат, Вазорати адлия, гумрук ва Кумитаи андози Тоҷикистон бо назардошти вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ, тезутунд шудани вазъи геополитикии ҷаҳон ва дигар омилҳои беруна вазъро ҳамаҷониба таҳлил мекунад ва хулосаҳои худро пешниҳод хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2015 самаранокии вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад. Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба таҳкими муносибот дар дохили созмон таъкид намуд.
Дар миёнаҳои август вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.
Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.