Вазири иқтисод пайвастшавии Тоҷикистон ба ИИАО-ро шарҳ дод

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкМинистр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2025
Обуна шудан
Вазири иқтисоди Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, масъалаи пайвастани кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Узвияти Тоҷикистон дар ИИАО аз сӯи гурӯҳи кории байниидоравӣ баррасӣ мешавад.
Дар ин бора, вазири иқтисоди Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни нишасти хабарии ниҳодаш гуфт.

"Масъалаи узвияти Тоҷикистон дар ИИАО дар баррасии гурӯҳи кории байниидоравӣ қарор дорад, ки ин масъаларо ҳамаҷониба таҳлил мекунад", - гуфт Завқизода.

Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони блоки иқтисодии ҳукумат, Вазорати адлия, гумрук ва Кумитаи андози Тоҷикистон бо назардошти вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ, тезутунд шудани вазъи геополитикии ҷаҳон ва дигар омилҳои беруна вазъро ҳамаҷониба таҳлил мекунад.
"Гурӯҳи корӣ ҳангоми таҳияи таҳлил таҷрибаи давлатҳои ин иттиҳодро ба инобат гирифта, бозёфт ва хулосаҳои худро пешниҳод хоҳад кард", - гуфт вазир.
Аммо, оқои Завқизода дар бораи замони дарёфти хулосаи комиссияи байниидоравӣ чизе нагуфт.
Директор департамента промышленной политики ЕЭК Николай Кушнарев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2025
ФБИОМ-2025 дар Душанбе
Коршинос: ИИАО омода аст барои Тоҷикистон роҳҳои судмандро таҳия кунад
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2015 самаранокии вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад. Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба таҳкими муносибот дар дохили созмон таъкид намуд.
Дар миёнаҳои август вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.
Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0