https://sputnik.tj/20251020/rahmon-sabab-boloravii-narkh-rohi-hal-tojikiston-1072224582.html
Эмомалӣ Раҳмон сабаби болоравии нархҳоро гуфта, роҳи ҳаллро нишон дод
Эмомалӣ Раҳмон сабаби болоравии нархҳоро гуфта, роҳи ҳаллро нишон дод
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон гуфт, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ бояд барои таъмини амнияти озуқаворӣ ҳар чӣ бештар меҳнат кунанд
2025-10-20T09:29+0500
2025-10-20T09:29+0500
2025-10-20T11:19+0500
болоравии нарх
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
дастур
даъват
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1b/1056716295_0:23:3076:1753_1920x0_80_0_0_0b4e4bfeaeb25e282569237428f52677.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт - Sputnik. Президенти Тоҷикистон гуфт, тағйирёбии иқлим ва таҳримҳои иқтисодӣ боиси боло рафтани нархи наво дар ҷаҳон шудааст ва роҳи ҳалли онро барои Тоҷикистон нишон дод.Ба ин нукта президенти Тоҷикистон зимни ироаи номаи шодбошӣ ба мардуми тоҷик ба муносибати Иди Меҳргон ишора кард.Ба гуфтаи кишвардор, азбаски гузаштагони мо аз давраҳои қадим кишоварзу боғдор буданд, дар баробари корҳои деҳқонӣ одобу русум ва суннатҳои маънавии неку созандаро ба мо мерос гузоштаанд.Идома додани суннату анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла истифодаи оқилонаи обу замин ва дигар сарватҳои табиат, махсусан, дар шароити имрӯза вазифаи бисёр муҳим мебошад, афзуд ӯ.Раҳмон, вазъи ноороми сайёра, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, таҳримҳои иқтисодиву молиявиро сабаби асосии болоравии босуръату бесобиқаи нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ гуфт, ва роҳи ҳалро нишон дод.Раисиҷумҳур дар хулосаи суханаш гуфт, бо густариш додани ойину ҷашнҳои миллати бостонӣ минбаъд низ тамоми саъю талош бояд ба хотири рушди кишвар, ободии Ватан ва беҳтар гардонидани шароити зиндагии халқ равона гардад.
https://sputnik.tj/20251019/rahmon-mehrgon-adolatkhohi-barobari-tojikiston-1072224365.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1b/1056716295_196:0:2925:2047_1920x0_80_0_0_2ddc02323ec906301af48273e09e4518.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон, кишоварзон, даъват, тоҷикистон
раҳмон, кишоварзон, даъват, тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон сабаби болоравии нархҳоро гуфта, роҳи ҳаллро нишон дод
09:29 20.10.2025 (Навсозишуда: 11:19 20.10.2025) Президенти Тоҷикистон гуфт, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ бояд барои таъмини амнияти озуқаворӣ ҳар чӣ бештар меҳнат кунанд
ДУШАНБЕ, 20 окт - Sputnik. Президенти Тоҷикистон гуфт, тағйирёбии иқлим ва таҳримҳои иқтисодӣ боиси боло рафтани нархи наво дар ҷаҳон шудааст ва роҳи ҳалли онро барои Тоҷикистон нишон дод.
Ба ин нукта президенти Тоҷикистон зимни ироаи номаи шодбошӣ ба мардуми тоҷик ба муносибати Иди Меҳргон ишора кард.
Ба гуфтаи кишвардор, азбаски гузаштагони мо аз давраҳои қадим кишоварзу боғдор буданд, дар баробари корҳои деҳқонӣ одобу русум ва суннатҳои маънавии неку созандаро ба мо мерос гузоштаанд.
Идома додани суннату анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла истифодаи оқилонаи обу замин ва дигар сарватҳои табиат, махсусан, дар шароити имрӯза вазифаи бисёр муҳим мебошад, афзуд ӯ.
"Дар робита ба ин, кишоварзон ҷиҳати таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маводи озуқа, хусусан, дар фасли зимистон ба масъалаи пурра ҷамъоварӣ кардани ҳосил, захираи маҳсулот, сари вақт анҷом додани кишти тирамоҳӣ ва гузоштани замина барои ҳосили фаровони соли оянда бояд эътибори аввалиндараҷа диҳанд", - таъкид кардааст президент.
Раҳмон, вазъи ноороми сайёра, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, таҳримҳои иқтисодиву молиявиро сабаби асосии болоравии босуръату бесобиқаи нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ гуфт, ва роҳи ҳалро нишон дод.
"Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо, махсусан, масъулону мутахассисони соҳаи кишоварзиро зарур аст, ки ба хотири ҳифзи амнияти озуқавории кишвар беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол ва захира намоем", - даъват кард президент.
Раисиҷумҳур дар хулосаи суханаш гуфт, бо густариш додани ойину ҷашнҳои миллати бостонӣ минбаъд низ тамоми саъю талош бояд ба хотири рушди кишвар, ободии Ватан ва беҳтар гардонидани шароити зиндагии халқ равона гардад.