Раҳмон: Меҳргон инсонҳоро ба адолатхоҳӣ, баробарӣ ва меҳрубонӣ ҳидоят мекунад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2025
Обуна шудан
Ба гуфтаи президенти Тоҷикистон фалсафаи ин ҷашн инсонҳоро ба адолатхоҳӣ, баробарӣ ва меҳрубонӣ ба ҳамдигар, сулҳпарварӣ, инсондӯстӣ ва накӯкорӣ ҳидоят мекунад
ДУШАНБЕ, 19 окт - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро ба ифтихори ҷашни Меҳргон шодбош гуфт.
Эмомалӣ Раҳмон дар номаи шодбошияш гуфтааст, ки Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии тоҷикон аст, ки реша дар таърихи чандинҳазорсола дорад.
"Меҳргон ҳамчун ҷашни баракату фаровонӣ ва меҳру меҳрубонӣ дар қалбҳои мардуми ориёитабор ҷой гирифта, ойини вобаста ба мавсими ҷамъоварии ҳосил ва ҷамъбасти самараи заҳмати марди деҳқон мебошад", - гуфт кишвардор.
Раисиҷумҳур фаҳмонидааст, ки ҷашни Меҳргон чун дигар ҷашнҳои миллии мо асосҳои муътамади нуҷумӣ дорад.
Гузаштагони хирадманди мо тибқи тақвими бостонӣ ва дар асоси илми нуҷум санаи понздаҳуми меҳрмоҳро рӯзи меҳр меномиданд ва ҷашни Меҳргонро дар ҳамин рӯз таҷлил мекарданд, афзуд ӯ.
Яъне фалсафаи ин ҷашн инсонҳоро ба адолатхоҳӣ, баробарӣ ва меҳрубонӣ ба ҳамдигар, сулҳпарварӣ, инсондӯстӣ ва накӯкорӣ ҳидоят мекунад.
Фестиваль Мехргон в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2025
Аз ошу асал то тарбузу харбуза: маълум шуд Иди Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад
Президент ёдовар шуд, ки соли ҷорӣ бо дастури роҳбари давлат "Шоҳнома"-и безаволи Фирдавсӣ дар ду ҷилд ба нашр расида, ҳоло ба ҳар як хонаводаи кишвар ба таври ройгон тақсим шуда истодааст.
"Мақсад аз ин ташаббус тарғибу ташвиқи таърихи бостонӣ, худшиносии миллӣ ва боз ҳам боло бурдани сатҳи ватандӯстиву хештаншиносии мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонони кишвар мебошад", - гуфт ӯ.
Хонандаи ин шоҳасар бо мутолиаи он дар бораи таърихи пайдоиш ва моҳияти ҷашнҳои миллии бостонӣ – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон маълумоти амиқ пайдо карда, аҳаммияти бузурги онҳоро дар таҳкими истиқлоли фарҳангӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ дарк менамоянд, афзуд президент.
Лентаи хабарҳо
0