Ҷашнвораи синамои "Тоҷик Сомон" чӣ гуна гузашт? -видео

Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” баргузор шуд ва дар он беш аз 160 филм аз 16 кишвар, намоиш дода шуданд
Маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории ҷашнвора шоми 19 октябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Филми “Моҳӣ дар шаст”, ки аз ҷониби коргардонони Тоҷикистону Эрон таҳия шудааст, дар Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” беҳтарин филм дониста шуд.
Дар Душанбе маросими ифтитоҳи Рӯзҳои синамои Русия баргузор шуд - Видео
Филми бадеии “Моҳӣ дар шаст” шоҳҷоизаи асосии ҷашнвораро соҳиб гардид.
еҳтарин коргардон: Алексей Герман барои филми "Ҳаво" (Русия);
Беҳтарин наворбардор: Константин Бесаҷе барои филми "Қасри сиёҳ" (Беларус);
Беҳтарин оҳангсоз: Фарзин Халакбар барои филми "Моҳӣ дар шаст" (Эрон);
Беҳтарин нақши мардона: Алтаншагай Ганбаатр барои филми "Падар" (Муғулистон);
Беҳтарин нақши занона: Анастасия Тализина барои филми "Ҳаво" (Русия) ва Таҳмина Раҷабова барои филми "Хоби сурх" (Тоҷикистон);
Беҳтарин филми кӯтоҳи ҳунарӣ: Саодат Казакбаева барои филми "Занги шомгоҳӣ" (Қирғизистон);
Ҷоизаи махсуси ҳакамон: Гулшод Сумангулова барои филми "Шаҳрвандони бом" (Қазоқистон);
Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин: Иван Маниев барои филми "Шаҳзода" (Молдова);
Ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе “Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография”: Турахон Аҳмадхонов (Тоҷикистон);
Ҷоизаи “Синамо бидуни марз”: Лариса Садилова барои филми "Духтари капитан" (Русия).
Баргузории Рӯзҳои кинои Русия, Эрон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон дар Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” аз 15 то 19 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он беш аз 160 филм аз 16 кишвар, аз ҷумла Русия, Эрон, Ҳиндустон, Узбекистон ва
Лентаи хабарҳо
0