Дар Душанбе маросими ифтитоҳи Рӯзҳои синамои Русия баргузор шуд - Видео

Обуна шудан
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои синамои Русия дар Душанбе дар кинотеатри "Наврӯз" баргузор шуд
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои синамо дар Душанбе дар фазои дӯстона баргузор гардид, гузориш медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Мухлисон ва дӯстдорони синамо муддати се рӯз имкон доранд, ки филмҳои истеҳсоли Русия - филмҳои ҳунарии “Духтари капитан”, “Офтобро бидор”, “Қоидаҳои Филипп” ва “Почтар”-ро тамошо намоянд.
Гуфта мешавад, ки таҳкими ҳамкориҳои синамогарони ду кишвар дар сатҳи баланд баргузор гардида, боиси рӯйи кор омадани лоиҳаҳои нави синамоии муштарак дар соҳаи кинематография хоҳад гашт.
Ёдовар мешавем, ки II Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” зери унвони "Таърихи рушди тоҷикон" аз 15 то 20-уми октябри соли 2025 бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0