https://sputnik.tj/20250610/ruzho-kino-rusiya-eron-hinduston-qirghiziston-turkmaniston-tojikiston-1068002359.html
Баргузории Рӯзҳои кинои Русия, Эрон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон дар Тоҷикистон
Баргузории Рӯзҳои кинои Русия, Эрон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Тоҷикистон дуюмин синамоҷашнвораи байналмилалӣ бо ҳузури меҳмони зиёд аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Осиё баргузор мегардад
2025-06-10T11:01+0500
2025-06-10T11:01+0500
2025-06-10T11:32+0500
дар тоҷикистон
синамо
кино
фарҳанг
душанбе
ҷашнвора
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/0a/1068011988_45:89:1166:720_1920x0_80_0_0_a994afa2811484537077dc2817f4d899.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик аз 15 то 20 октябр дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе — "Тоҷи Сомон" таҳти шиори "Таърихи рушди тоҷикон" доир мешавад.Дар ин бора дафтари матбуоти Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" хабар дод.Ба иттилои манбаъ, дар ҷашнвора меҳмони зиёд аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиё ва Аврупо иштирок хоҳанд кард.Ҳамчунин дар доираи баргузории синамоҷашнвора рӯзҳои кинои Русия, Эрон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.Инчунин дар доираи ин ҷашнвора, ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳо, рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ-филмҳои тасвирӣ, ҳунарӣ ва мустанад, ҳамоиш бо иштироки намояндагони маъруфи кинои давлатҳои хориҷи дуру наздик, нишастҳои матбуотӣ, дарси "Устод ва шогирд" пешбинӣ гардидааст.Қайд карда шудааст, ки мақсади гузаронидани синамоҷашнвора дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино мебошадҚайд карда шудааст, ки ба ин ҷашнвора филмбардорони маъруфи давлатҳои ҷаҳон ба ҳайси меҳмони фахрӣ даъват шудаанд.Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе "Тоҷи Сомон" дар ду сол як маротиба барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе баргузор мешавад.Якумин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе "Тоҷи Сомон" соли 2023 доир шуда, дар назар аст имсол дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе- "Тоҷи Сомон" баргузор гардад.
https://sputnik.tj/20231020/vgik-rusiya-tojikiston-mutakhassis-kino-omoda-1060060347.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/0a/1068011988_134:19:1044:702_1920x0_80_0_0_dc841a7389b4d47fbed35dd3761c7bae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, синамо, кино, душанбе, ҷашнвора, фарҳанг
тоҷикистон, синамо, кино, душанбе, ҷашнвора, фарҳанг
Баргузории Рӯзҳои кинои Русия, Эрон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон дар Тоҷикистон
11:01 10.06.2025 (Навсозишуда: 11:32 10.06.2025) Дар пойтахти Тоҷикистон дуюмин синамоҷашнвораи байналмилалӣ бо ҳузури меҳмони зиёд аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Осиё баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик аз 15 то 20 октябр дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе — "Тоҷи Сомон" таҳти шиори "Таърихи рушди тоҷикон" доир мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷашнвора меҳмони зиёд аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиё ва Аврупо иштирок хоҳанд кард.
Ҳамчунин дар доираи баргузории синамоҷашнвора рӯзҳои кинои Русия, Эрон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
Инчунин дар доираи ин ҷашнвора, ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳо, рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ-филмҳои тасвирӣ, ҳунарӣ ва мустанад, ҳамоиш бо иштироки намояндагони маъруфи кинои давлатҳои хориҷи дуру наздик, нишастҳои матбуотӣ, дарси "Устод ва шогирд" пешбинӣ гардидааст.
Қайд карда шудааст, ки мақсади гузаронидани синамоҷашнвора дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино мебошад
Қайд карда шудааст, ки ба ин ҷашнвора филмбардорони маъруфи давлатҳои ҷаҳон ба ҳайси меҳмони фахрӣ даъват шудаанд.
Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе "Тоҷи Сомон" дар ду сол як маротиба барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Якумин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе "Тоҷи Сомон" соли 2023 доир шуда, дар назар аст имсол дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе- "Тоҷи Сомон" баргузор гардад.