https://sputnik.tj/20251015/tramp-erdughon-buhron-ukraina-1072115633.html
Коршинос сухани Трамп дар бораи нақши Эрдуғон дар ҳалли буҳрони Украинаро, шарҳ дод
Коршинос сухани Трамп дар бораи нақши Эрдуғон дар ҳалли буҳрони Украинаро, шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Изҳороти Трамп дар бораи нақши Эрдуғон дар Украина Туркияро ҳамчун як канали муколама эътироф мекунад
2025-10-15T18:02+0500
2025-10-15T18:02+0500
2025-10-15T18:02+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
доналд трамп
русия
украина
има
раҷаб тайиб эрдуғон
буҳрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/0f/1072117755_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_1bfdf0fc1b2a14b66b4172aeb3d7bd61.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт - Sputnik. Изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи он, ки ҳамтои турки ӯ Раҷаб Тайиб Эрдуғон метавонад ба ҳалли низоъ дар Украина кумак кунад, нақши беназири Туркияро дар раванди музокироти Маскав, Вашингтон ва Ғарб эътироф мекунад.Дар ин бора, як манбаи дипломатии турк ба РИА Новости гуфтааст.Рӯзи сешанбе президенти ИМА изҳори назар кард, ки раҳбари Туркия қодир аст дар ҳалли бӯҳрони Украина саҳм гузорад. "Изҳороти Доналд Трамп мақоми махсуси Анқараро тасдиқ мекунад. Туркия мавқеи хосро ишғол мекунад - он узви НАТО аст, аммо бо Маскав равобити мӯътадилро нигоҳ медорад ва онро амалан ягона канали муколамаи байни ҷонибҳо мегардонад", - қайд кард манбаи агентӣ ва афзуд, ки Анқара дар муноқиша дар Украина "сиёсати мувозинат" -ро пеш мебарад.Туркия умедвор аст, ки музокирот дар бораи Украина дар Истанбулро аз сар гирад, аммо то ҳол ягон сигнал нагирифтааст. Русия ва Украина се даври музокироти мустақим баргузор карданд, ки мулоқот дар Истанбул баргузор шуд. Натиҷаҳои музокирот табодули маҳбусон шуд.Русия ҳамчунин ҷасади низомиёни кушташудаи украиниро ба режими Киев супурдааст. Ҷонибҳо ҳамчунин лоиҳаҳои меморандумҳоро оид ба ҳалли низоъ мубодилаи афкор намуданд. Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия изҳор дошт, ки Русия омода аст ҷанбаҳои сиёсии созиш бо Украинаро баррасӣ ва дар ҳама шакл кор кунад. Аммо, Маскав то ҳол аз Киев ба пешниҳоди таъсиси се гурӯҳи корӣ барои ҳалли мушаххаси масоили башардӯстона, низомӣ ва сиёсӣ, ки ҷониби Русия дар даври сеюми музокирот бо Украина дар моҳи июл дар Истамбул ба миён гузошта буд, посух нагирифтааст. Гузашта аз ин, Владимир Зеленский даъвати раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро барои омадан ба Маскав барои музокирот, рад кард.Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро идома медиҳад.Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳадафи онро “ҳимояи мардуме, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд” унвон кард.Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
https://sputnik.tj/20250718/kreml-muzokirot-ukraina-tezonad-1069113689.html
https://sputnik.tj/20250924/zelenskiy-qazoqiston-putin-muloqot-1071462383.html
русия
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/0f/1072117755_165:0:2896:2048_1920x0_80_0_0_33fc15c2f43c79611ec44de3f5d9c92c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кай, буҳрони украина, ҳал
кай, буҳрони украина, ҳал
Коршинос сухани Трамп дар бораи нақши Эрдуғон дар ҳалли буҳрони Украинаро, шарҳ дод
Изҳороти Трамп дар бораи нақши Эрдуғон дар Украина Туркияро ҳамчун як канали муколама эътироф мекунад
ДУШАНБЕ, 15 окт - Sputnik. Изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи он, ки ҳамтои турки ӯ Раҷаб Тайиб Эрдуғон метавонад ба ҳалли низоъ дар Украина кумак кунад, нақши беназири Туркияро дар раванди музокироти Маскав, Вашингтон ва Ғарб эътироф мекунад.
Дар ин бора, як манбаи дипломатии турк ба РИА Новости гуфтааст.
Рӯзи сешанбе президенти ИМА изҳори назар кард, ки раҳбари Туркия қодир аст дар ҳалли бӯҳрони Украина саҳм гузорад.
"Изҳороти Доналд Трамп мақоми махсуси Анқараро тасдиқ мекунад. Туркия мавқеи хосро ишғол мекунад - он узви НАТО аст, аммо бо Маскав равобити мӯътадилро нигоҳ медорад ва онро амалан ягона канали муколамаи байни ҷонибҳо мегардонад", - қайд кард манбаи агентӣ ва афзуд, ки Анқара дар муноқиша дар Украина "сиёсати мувозинат" -ро пеш мебарад.
Туркия умедвор аст, ки музокирот дар бораи Украина дар Истанбулро аз сар гирад, аммо то ҳол ягон сигнал нагирифтааст.
Русия ва Украина се даври музокироти мустақим баргузор карданд, ки мулоқот дар Истанбул баргузор шуд. Натиҷаҳои музокирот табодули маҳбусон шуд.
Русия ҳамчунин ҷасади низомиёни кушташудаи украиниро ба режими Киев супурдааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин лоиҳаҳои меморандумҳоро оид ба ҳалли низоъ мубодилаи афкор намуданд.
Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия изҳор дошт, ки Русия омода аст ҷанбаҳои сиёсии созиш бо Украинаро баррасӣ ва дар ҳама шакл кор кунад.
Аммо, Маскав то ҳол аз Киев ба пешниҳоди таъсиси се гурӯҳи корӣ барои ҳалли мушаххаси масоили башардӯстона, низомӣ ва сиёсӣ, ки ҷониби Русия дар даври сеюми музокирот бо Украина дар моҳи июл дар Истамбул ба миён гузошта буд, посух нагирифтааст.
Гузашта аз ин, Владимир Зеленский даъвати раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро барои омадан ба Маскав барои музокирот, рад кард.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро идома медиҳад.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳадафи онро “ҳимояи мардуме, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд” унвон кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.