Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Зеленский гуфт, дар куҷо мехоҳад бо Путин мулоқот кунад

© AP / Heather KhalifaВладимир Зеленский перед записью специального репортажа канала FOX News с Бретом Байером 23 сентября 2025 года, в Нью-Йорке.
Владимир Зеленский перед записью специального репортажа канала FOX News с Бретом Байером 23 сентября 2025 года, в Нью-Йорке.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2025
Обуна шудан
Зеленский гуфт, омода аст бо Путин дар Қазоқистон мулоқот кунад
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Владимир Зеленский иддао дорад, ки омода аст бо президенти Русия Владимир Путин, масалан, дар Қазоқистон мулоқот кунад, гарчанде қаблан ба мулоқот розӣ шуда буд, вале баъдтар онро рад карду шартҳо ҳам гузошт.
Путин қаблан гуфта буд, ки агар Зеленский ба мулоқот омода бошад, бояд ба Маскав биёяд. Зеленский ин пешниҳодро рад кард, дар ҳоле ки изҳор дошт, омодаи мулоқот "дар ҳама шакл" аст. Дар ин бора РИА Новости навиштааст.
Тавре ки котиби матбуотии раҳбари Русия Дмитрий Песков дар ин робита изҳор дошт, Путин Зеленскийро ба Маскав на барои таслимшавӣ даъват кардааст.
Зеленский идеяи мулоқот бо Путинро бидуни шарти пешакӣ тасдиқ кард ва баъдан шарт гузошт.

"Ҳамаи мо, тими мо пешниҳод кард, ки дар Туркия, Арабистони Саудӣ, Қатар, дар Аврупо, масалан Австрия, Швейтсария мулоқот шавад... агар хоҳед, масалан, дар Қазоқистон", - гуфт Зеленский дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Fox News.

Зеленский ба суоли рӯзноманигор посух дод, ки омода аст бо раҳбари Русия мулоқот кунад.
Як ҳафта пеш Зеленский боз гуфт, ки омода аст бо Трамп ва Путин дар шакли сеҷониба ё дуҷониба бидуни шарти пешакӣ мулоқот кунад ва фавран шарт гузошт: на дар Маскав.
Трамп қаблан дар бораи омодагӣ ба мулоқоти Путин ва Зеленский эълон карда буд, ки мумкин аст дар пайи он мулоқоти сеҷониба бо ширкати ӯ баргузор шавад.
Владимир Зеленский. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Маҷбур шуд, зуд равад": сабаби сафари Зеленский ба Красноармейск маълум шуд
Юрий Ушаков, ёвари раисиҷумҳури Русия дар умури байналмилалӣ гуфт, ки дар ҷараёни гуфтугӯи телефонӣ Путин ва Трамп аз идомаи музокироти мустақими ҳайатҳои Русия ва Украина ҳимоят кардаанд.
Дар робита ба ин, онҳо, аз ҷумла, имкони боло бурдани сатҳи намояндагони ҷонибҳои Украина ва Русияро баррасӣ карданд.
Қаблан вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки Русия омода аст ҷанбаҳои сиёсии созиш бо Украинаро баррасӣ намуда ва дар ҳама шакл кор кунад.
Аммо, Маскав то ҳол аз Киев ба пешниҳоди таъсиси се гурӯҳи корӣ барои ҳалли мушаххаси масъалаҳои башардӯстона, низомӣ ва сиёсӣ, ки ҷониби Русия дар музокироти Истанбул дар соли 2022 ба миён гузошта буд, посух нагирифтааст.
Президент РФ Владимир Путин на пленарной сессии Восточного экономического форума. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин макони баргузории нишасти Русия ва Украинаро муайян кард
Гузашта аз ин, Зеленский даъвати президенти Русия Владимир Путинро барои музокирот дар Маскав рад кард.
Лентаи хабарҳо
0