Трамп шартҳоеро, ки ИМА метавонанд ба Украина мушакҳои Томогавк диҳад, эълон кард

© AP / Evan VucciПрезидент США Дональд Трамп. Архивное фото
Президент США Дональд Трамп. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2025
Обуна шудан
Раисҷумҳури ИМА агар низоъ ҳалли худро пайдо накунад, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико метавонад ба Украина мушакҳои Томогавк диҳанд
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки ӯ ба Маскав мегӯяд, ки агар низоъ дар Украина ҳал нашавад, ИМА метавонад ба Киев мушакҳои Томогавк диҳад.
Раҳбари Амрико шароитҳое, ки ИМА метавонад ба Киев мушакҳои Томахавк диҳад, шарҳ дод.
"Шояд ман бигӯям: "Бубинед, агар ин ҷанг бас нашавад, ман ба онҳо мушакҳои Томогавк мефиристам", - афзуд ӯ.
Заместитель председателя Совета Безопасности РФ Дмитрий Медведев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Медведев: Интиқоли мушакҳои Томагавк барои ҳама бад анҷом меёбад
Ёдовар мешавем, ки чаенде пеш муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфт, интиқоли эҳтимолии мушакҳои Томогавк ба Украина метавонад барои ҳама ва пеш аз ҳама барои худи президенти ИМА Доналд Трамп бад анҷом ёбад.
"Трамп гуфт, ки агар раисҷумҳури Русия низои Украинаро ҳал накунад, ин барои ӯ бад анҷом меёбад. Бори 101 аст, ки таҳдид мекунад. Агар "тоҷири сулҳҷӯ" Томогавкро дар назар дошта бошад, пас ин ибораи нодуруст аст. Интиқоли ин мушакҳо метавонад барои ҳама бад анҷом ёбад ва аз ҳама муҳимаш бораи худаш Трамп”, - гуфт Медведев.
Дмитрий Медведев изҳори умедворӣ кард, ки изҳороти Доналд Трамп, дар бораи интиқоли эҳтимолии мушакҳои "Томагавк" ба Киев танҳо як таҳдиди дигари холӣ боқӣ мемонад.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфтааст, ки агар мушакҳои "Томагавк" ба Украина интиқол дода шаванд, онро Киев не, Иёлоти Муттаҳида партоб хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0