https://sputnik.tj/20251013/medvedev-intiqol-mushak-tomagavk-1072057041.html
Медведев: Интиқоли мушакҳои Томагавк барои ҳама бад анҷом меёбад
Медведев: Интиқоли мушакҳои Томагавк барои ҳама бад анҷом меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев ба Трамп баъд аз суханонаш дар бораи интиқоли мушакҳои “Томагавк” ҳушдор дод
2025-10-13T16:41+0500
2025-10-13T16:41+0500
2025-10-13T16:41+0500
дмитрий медведев
русия
украина
амалиёти вижа
трамп
мушак
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/16/1067428408_0:0:3002:1690_1920x0_80_0_0_d76c619c5438b9ae29c0c0fbd7e98558.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфт, интиқоли эҳтимолии мушакҳои Томагавк ба Украина метавонад барои ҳама ва пеш аз ҳама барои худи президенти ИМА Доналд Трамп бад анҷом ёбад."Трамп гуфт, ки агар раисҷумҳури Русия низои Украинаро ҳал накунад, ин барои ӯ бад анҷом меёбад. Бори 101 аст, ки таҳдид мекунад. Агар "тоҷири сулҳҷӯ" Томогавкро дар назар дошта бошад, пас ин ибораи нодуруст аст. Интиқоли ин мушакҳо метавонад барои ҳама бад анҷом ёбад ва аз ҳама муҳимаш бораи худаш Трамп”, - гуфт Медведев.Дмитрий Медведев изҳори умедворӣ кард, ки изҳороти Доналд Трамп, дар бораи интиқоли эҳтимолии мушакҳои "Томагавк" ба Киев танҳо як таҳдиди дигари холӣ боқӣ мемонад."Танҳо умедвор шудан мумкин аст, ки ин боз як таҳдиди хушку холӣ аст, ки музокирот бо як масхарабози нашъаманд тӯл кашидааст. Мисли фиристодани киштиҳои зериобии ҳастаӣ ба Русия. Хуб, шумо медонед, ки ин кор чӣ гуна аст: як киштии зериобӣ дар даштҳои Украина рӯи об мебарояд", - навиштааст Медведев.Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфтааст, ки агар мушакҳои "Томагавк" ба Украина интиқол дода шаванд, онро Киев не, Иёлоти Муттаҳида партоб хоҳад кард."Сад бор ба тарзе, ки ҳатто барои одами ситорагарм фаҳмо гуфта шудааст, ки фарқ кардани мушаки ҳастаии "Томагавк" аз мушаки муқаррарии дар ҳоли парвоз ғайриимкон аст. Онҳоро Киев не, Иёлоти Муттаҳида партоб хоҳад кард. Бихонед: (Президенти ИМА) Трамп. Русия бояд чӣ гуна посух диҳад?”, - навиштааст Медведев.Ёдовар мешавем, ки ахиран президенти ИМА Доналд Трамп гуфта буд, ки агар муноқиша дар Украина ҳал нашавад, Вашингтон мушакҳои "Томагавк"-ро ба Киев интиқол медиҳад.
https://sputnik.tj/20250919/medvedev-mavqei-gharb-rusiya-khayoli-ranga-1071327252.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/16/1067428408_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_8a0f7e7795be2f86ea61001765c11285.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, дмитрий медведев, амалиёти вижа, украина, мушак, томогавк, интиқол
русия, дмитрий медведев, амалиёти вижа, украина, мушак, томогавк, интиқол
Медведев: Интиқоли мушакҳои Томагавк барои ҳама бад анҷом меёбад
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев ба Трамп баъд аз суханонаш дар бораи интиқоли мушакҳои “Томагавк” ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфт, интиқоли эҳтимолии мушакҳои Томагавк ба Украина метавонад барои ҳама ва пеш аз ҳама барои худи президенти ИМА Доналд Трамп бад анҷом ёбад.
"Трамп гуфт, ки агар раисҷумҳури Русия низои Украинаро ҳал накунад, ин барои ӯ бад анҷом меёбад. Бори 101 аст, ки таҳдид мекунад. Агар "тоҷири сулҳҷӯ" Томогавкро дар назар дошта бошад, пас ин ибораи нодуруст аст. Интиқоли ин мушакҳо метавонад барои ҳама бад анҷом ёбад ва аз ҳама муҳимаш бораи худаш Трамп”, - гуфт Медведев.
Дмитрий Медведев изҳори умедворӣ кард, ки изҳороти Доналд Трамп, дар бораи интиқоли эҳтимолии мушакҳои "Томагавк" ба Киев танҳо як таҳдиди дигари холӣ боқӣ мемонад.
"Танҳо умедвор шудан мумкин аст, ки ин боз як таҳдиди хушку холӣ аст, ки музокирот бо як масхарабози нашъаманд тӯл кашидааст. Мисли фиристодани киштиҳои зериобии ҳастаӣ ба Русия. Хуб, шумо медонед, ки ин кор чӣ гуна аст: як киштии зериобӣ дар даштҳои Украина рӯи об мебарояд", - навиштааст Медведев.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфтааст, ки агар мушакҳои "Томагавк" ба Украина интиқол дода шаванд, онро Киев не, Иёлоти Муттаҳида партоб хоҳад кард.
"Сад бор ба тарзе, ки ҳатто барои одами ситорагарм фаҳмо гуфта шудааст, ки фарқ кардани мушаки ҳастаии "Томагавк" аз мушаки муқаррарии дар ҳоли парвоз ғайриимкон аст. Онҳоро Киев не, Иёлоти Муттаҳида партоб хоҳад кард. Бихонед: (Президенти ИМА) Трамп. Русия бояд чӣ гуна посух диҳад?”, - навиштааст Медведев.
Ёдовар мешавем, ки ахиран президенти ИМА Доналд Трамп гуфта буд, ки агар муноқиша дар Украина ҳал нашавад, Вашингтон мушакҳои "Томагавк"-ро ба Киев интиқол медиҳад.