Маош дар ВМКБ баланд шудааст

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2025
Обуна шудан
Музди меҳнат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Музди миёнаи меҳнати кормандони соҳаҳо дар ВМКБ афзоиш ёфта, ба 2333,7 сомонӣ баробар шудааст.
Ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 302,5 сомонӣ ё 15,7% зиёд мебошад, гуфт муовини раиси вилоят Мусо Одинамуҳаммад, зимни машварати ҷамъбастии нӯҳмоҳаи мақомоти вилоят.
Ба гуфтаи ӯ, маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар вилоят дар 9 моҳи соли 2025 ба 1,5 млрд сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8% афзудааст.
"Дар заминаи рушди соҳаҳои иқтисодии вилоят музди миёнаи меҳнати кормандони соҳаҳо афзоиш ёфта, он 2333,7 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 302,5 сомонӣ ё 15,7% зиёд мебошад", - гуфт Мусо Одинамуҳаммад.
Ҳаҷми хизмати пулакӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бошад, 132,3 млн сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 1,2 млн ё 3,4% зиёд гардидааст.
Гардиши савдои хориҷии вилоят 174,6 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 - 154% ё 61,3 млн доллар зиёд гардидааст.
Гуфта шуд, ки иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети вилоят аз рӯи даромади худӣ ба андозаи 104,9% таъмин шудааст.
Кошелек с деньгами, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2025
Маош дар Тоҷикистон баланд шуд: кӣ чанд пул мегирад?
Дар баробари ин, ба гуфтаи муовини раиси вилоят, иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар сатҳи 104,6% таъмин гардида, ба ҷойи 202,7 млн 768,7 сомонии нақшавӣ, ба буҷет беш аз 212 млн ҳазор сомонӣ андозу пардохтҳои давлатӣ ворид карда шудааст.
Ин нишондод нисбат ба нақша 9,2 млн сомонӣ ва дар қиёс ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2024 ҷамъоваригардида ба маблағи 31,7 млн сомонӣ ё худ 117,6% зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0