https://sputnik.tj/20251008/rusiya-intiqol-kitobho-darsi-tojikiston-1071839021.html
Русия интиқоли китобҳои дарсиро ба Тоҷикистон идома медиҳад
Русия интиқоли китобҳои дарсиро ба Тоҷикистон идома медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар Душанбе намоишгоҳи "Русия ва ҷаҳон" баргузор мешавад
2025-10-08T12:13+0500
2025-10-08T12:13+0500
2025-10-08T17:18+0500
маориф
дар тоҷикистон
душанбе
намоишгоҳ
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/0d/1064315608_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_a4c0521b325bc50845fb62fca27657e5.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Тоҷикистону Русия ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф густариш медиҳанд.Ин масъаларо муовини вазири маорифи Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода бо муовини аввали директори Фонди дастгирии илмҳои гуманитарии "Моя история", роҳбари Департаменти ҳамкориҳои байналмилалӣ Анастасия Калугина баррасӣ кардааст.Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Вазортаи маориф, зимни мулоқот таъкид гардидааст, ки дар доираи барномаи муштараки Фонди "Моя история" интиқоли китобҳои дарсии забони русӣ барои дабистони Тоҷикистон идома дорад.Гуфта мешавад, ки ҳадафи асосии ин иқдом мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забони русӣ ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи дарсии муосир мебошад.Ҷонибҳо изҳор доштаанд, ки ин иқдом ҷузъи муҳимми ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф буда, барои таҳкими заминаи забондонӣ ва рушди ҳамгироии таълимии ду кишвар мусоидат менамояд.Зимни мулоқот ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки аз 6 октябр то 7 ноябри соли 2025 Фонди "Моя история" бо дастгирии Вазорати маорифи Русия намоишгоҳи "Россия ва ҷаҳон"-ро дар пойгоҳи Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Душанбе баргузор менамояд. Қисмати махсуси намоишгоҳ ба дастовардҳои муштараки Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи маориф бахшида шудааст. Дар доираи баргузории намоишгоҳ барои хонандагони макотиби Тоҷикистон ҳамчунин чорабиниҳои касбшиносӣ ва машваратӣ баргузор мегардад.Русия ба кӯдакони Душанбе маҷмуаи бузурги адабиёт ҳадя кардДар поёни мулоқот ҷонибҳо изҳори итминон намудаанд, ки густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таҳкими робитаҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ имкониятҳои навро барои рушди низоми таҳсилоти умумӣ ва баланд бардоштани сифати таълим дар ҳар ду кишвар фароҳам меорад.
https://sputnik.tj/20251006/emomali-rahmon-tojikistonro-zaboni-khoriji-1071759153.html
душанбе
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/0d/1064315608_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_73deb7a61a4342382623a2848b2a30ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, соҳаи маориф
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, соҳаи маориф
Русия интиқоли китобҳои дарсиро ба Тоҷикистон идома медиҳад
12:13 08.10.2025 (Навсозишуда: 17:18 08.10.2025) Дар доираи рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф, дар Душанбе ҳамчунин намоишгоҳи "Русия ва ҷаҳон" баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Тоҷикистону Русия ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф густариш медиҳанд.
Ин масъаларо муовини вазири маорифи Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода бо муовини аввали директори Фонди дастгирии илмҳои гуманитарии "Моя история", роҳбари Департаменти ҳамкориҳои байналмилалӣ Анастасия Калугина баррасӣ кардааст.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Вазортаи маориф, зимни мулоқот таъкид гардидааст, ки дар доираи барномаи муштараки Фонди "Моя история" интиқоли китобҳои дарсии забони русӣ барои дабистони Тоҷикистон идома дорад.
"Китобҳои мазкур аз ҷониби нашриёти маъруфи русии "Просвешение" таҳия ва бо назардошти муҳити иҷтимоиву таълимии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудаанд", - омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи асосии ин иқдом мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забони русӣ ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи дарсии муосир мебошад.
Ҷонибҳо изҳор доштаанд, ки ин иқдом ҷузъи муҳимми ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф буда, барои таҳкими заминаи забондонӣ ва рушди ҳамгироии таълимии ду кишвар мусоидат менамояд.
Зимни мулоқот ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки аз 6 октябр то 7 ноябри соли 2025 Фонди "Моя история" бо дастгирии Вазорати маорифи Русия намоишгоҳи "Россия ва ҷаҳон"-ро дар пойгоҳи Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Душанбе баргузор менамояд.
Қисмати махсуси намоишгоҳ ба дастовардҳои муштараки Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи маориф бахшида шудааст.
Дар доираи баргузории намоишгоҳ барои хонандагони макотиби Тоҷикистон ҳамчунин чорабиниҳои касбшиносӣ ва машваратӣ баргузор мегардад.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо изҳори итминон намудаанд, ки густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таҳкими робитаҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ имкониятҳои навро барои рушди низоми таҳсилоти умумӣ ва баланд бардоштани сифати таълим дар ҳар ду кишвар фароҳам меорад.