Гуров: Фарзандони муҳоҷирон дар сурати донистани забон, набояд аз таҳсил маҳрум шаванд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкОбучение детей мигрантов в Москве
Обучение детей мигрантов в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2025
Обуна шудан
Раиси Росмолодеж ташаббусҳои лағви таҳсили ройгон дар мактабҳо барои кӯдакони хориҷиро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Таҳсилоти мактабӣ дар Русия бояд барои фарзандони муҳоҷирон дастрас бошад, ба шарте, ки онҳо забони русиро донанд.
Дар ин бора раиси Оҷонсии федеролии кор бо ҷавонон Григорий Гуров, дар ҳошиаи форуми таълимии ҷавонони Каспий-2025 дар мусоҳиба бо ТАСС изҳор дошт.
Вай дар бораи ташаббусҳои лағви таҳсили ройгони мактабӣ барои фарзандони хориҷиён изҳори назар кард.
"Муҳим аст, ки ҳама маълумот дошта бошанд ва таҳсилоти умумии мо бояд барои ҳама дастрас бошад — бо риояи талаботи муайяни асосии марбут ба донистани забони русӣ ва хоҳиши таҳсил дар мактаби русӣ тибқи қонунгузории Русия", - гуфт Гуров.
Ба андешаи ӯ, донистани забони русӣ барои таҳсил дар макотиби русӣ зарур аст.
"Вақте оилаҳои (муҳоҷирон) ба Русия меоянд, вақте ки онҳо дар ин ҷо кор мекунанд, дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд - онҳо аллакай як ҷузъи ҷомеаи мо ҳастанд", - хулоса кард раиси Росмолодеж.
Дар Русия моҳи апрел қонуне ба иҷро даромад, ки фарогирии кӯдакони муҳоҷирро, ки забони русиро намедонанд, дар мактабҳо, манъ мекунад.
Председатель Государственной думы Вячеслав Володин. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2025
Володин аз коҳиши қабули фарзандони муҳоҷирон ба макотиби Русия гуфт
Вале бо донистани забони русӣ, фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия, мисли шаҳрвандони Русия, ҳақ доранд, ки дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ё мунисипалӣ ройгон таҳсил кунанд.
Қаблан ташаббусҳое ба мисли таҳсили пулнок дар мактабҳои русӣ барои фарзандони муҳоҷирон дар Думаи давлатӣ борҳо ба миён гузошта шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0