Президент Владимир Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин, рӯзҳои 8-10 октябр нахустин сафари давлатиро ба Тоҷикистон анҷом медиҳад

Путин ба Раҳмон барои муносибати хосаш ба забони русӣ изҳори сипос кард

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкГосударственный визит президента Владимира Путина в Таджикистан
Государственный визит президента Владимира Путина в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2025
Обуна шудан
Путин ёдовар шуд, ки дар Тоҷикистон панҷ мактаби таҳсилоти умумӣ вуҷуд дорад, ки дар онҳо таълим ба забони русӣ сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ба кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳаш ба забони русӣ дар ҷумҳурӣ изҳори сипос кард.
Раҳбари Русия дар ин бора дар мулоқоти як ба як бо ҳамтои тоҷикаш дар Қасри миллатҳо дар Душанбе изҳорот дод.
"Ман махсусан мехоҳам ба шумо барои чунин муносибати бодиққат ба фарҳанги русӣ ва забони русӣ изҳори сипос намоям. Мо якҷоя чанд мактаб боз кардем – панҷ, бовар дорам. Ҳама чиз дар сатҳи олӣ кор ва фаъолият мекунад", - гуфт Путин.
Раисиҷумҳури Русия ёдовар шуд, ки донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд ва дар Тоҷикистон филиалҳои муассисаҳои олии Русия низ боз шудаанд.
"Агар ягон масъалае ба миён ояд, мо ҳатман бояд онҳоро ба сатҳи шумо бирасонем ва ҳама чизро тавре ташкил кунем, ки барои рушди босуръати равобити Русияву Тоҷикистон дар ҳамаи ин самтҳои муҳим шароит фароҳам оварем", - афзуд Путин.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2025
Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба омӯхтани ду забони хориҷӣ даъват кард
Президенти Русия Владимир Путин бо як сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шудааст.
Рӯзи 10 октябр дар Душанбе нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад, ки дар он тасмимҳои муҳим дар мавриди тавсеъаи ҳамкориҳои кишварҳои узв қабул хоҳанд шуд.
Ҳамзамон дар ҳамин рӯзҳо мулоқоти сарони давлатҳо дар шакли "Осиёи Марказӣ-Русия" низ баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0