Президент Владимир Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин, рӯзҳои 8-10 октябр нахустин сафари давлатиро ба Тоҷикистон анҷом медиҳад

Як ба як: Путин ва Раҳмон дар Душанбе дидору гуфтугӯ доранд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезиденты России и Таджикистана Владимир Путин и Эмомали Рахмон
Президенты России и Таджикистана Владимир Путин и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2025
Обуна шудан
Кишвардорон муносибатҳои Маскаву Душанбе ва рӯзномаҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Кишвардорони Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе гуфтугӯи як ба як анҷом доданд, гузориш медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Мулоқоти раҳбарон бо ҷаласаи васеъ идома меёбад.
Раҳбарони Русия ва Тоҷикистон доираи васеи масоили дуҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард. Дар назар аст, ки тамоми бахшҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла сиёсат, амният, тиҷорат, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ фаро гирифта шаванд.
Тавре ёвари президент Юрий Ушаков қайд кард, кишвардорон муносибатҳои Маскаву Душанбе ва рӯзномаҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.
Государственный визит президента Владимира Путина в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2025
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Нусхаи нодири китоб дар бораи таърихи тоҷикон: Путин ба Раҳмон боз чӣ ҳадя кард?
Путин рӯзи чаҳоршанбе бо сафари давлатии серӯза вориди Тоҷикистон шуд. Вай дар дувумин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ва ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ ширкат хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0