https://sputnik.tj/20251009/kitob-tojikon-putin-rahmon-hadya-1071881822.html
Нусхаи нодири китоб дар бораи таърихи тоҷикон: Путин ба Раҳмон боз чӣ ҳадя кард?
Нусхаи нодири китоб дар бораи таърихи тоҷикон: Путин ба Раҳмон боз чӣ ҳадя кард?
Sputnik Тоҷикистон
"Беҳтарин ҳадя": Раҳмон наққошию китоби “Тоҷикон”-ро, ки Путин ба ӯ ҳадя кард, ҳамин гуна тавсиф намуд
2025-10-09T11:21+0500
2025-10-09T11:21+0500
2025-10-09T16:07+0500
сафари владимир путин ба тоҷикистон
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
давлатӣ
ҳадя
китоб
тоҷикон
таърихи тоҷикон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/09/1071873101_0:158:2562:1599_1920x0_80_0_0_ee347aae0cbf2f57c5f08950d4dfa298.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Президентҳои Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар боғи ботаникӣ зиёфати ғайрирасмӣ баргузор карданд. Қабл аз ин, сарвари Русия баробари ворид шудан ба Тоҷикистон бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки бунёдгузори нахустин давлати тоҷикон маҳсуб мешавад, гул гузошт. Маросими гулгузорӣ дар саҳни маҷмааи ёдгории "Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон" дар майдони "Дӯстӣ" дар маркази Душанбе баргузор шуд. Раҳбари Русияро аз ҷумла Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон ҳамроҳӣ кард.Пас аз ин Путин ва Раҳмон дар боғи ботаникии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон “Ирам” сайру гашт карданд.Зимни сайру гашт Путинро дарахте дар боғи ботаникии Душанбе ба худ ҷалб кард. Мутахассиси маҳаллӣ ба раисиҷумҳури Русия гуфт: "Ин як дарахти тропикӣ аст, ки дар Африқо ва Осиёи Марказӣ мерӯяд". Ҳамин ҷо Путин ва Раҳмон ғизои шом тановул карданд. Баъд, кишвардори Русия ба ҳамтои тоҷики худ як нашрияи нодиреро дар бораи тоҷикон ҳадя кард. Путин қайд кард, ки ин китоб ҳамагӣ 25 нусха нашр шудааст ва ӯ "нусхаи рақами як"-ро ба Душанбе овардааст. "Ҳамагӣ 25 нусха ҳаст. Ин нусхаи рақами як аст. Ин асари воқеан илмӣ як хулосаи бунёдии маводро дар бораи таърих, антропология, демография ва этнографияи ҳаёти тоҷикон муаррифӣ мекунад. Аз ҷумла тақсимоти тоҷикон бар асоси манобеъи омори дастрас, аз барӯйхатгирии охирини Русия", - таъкид кард раҳбари Русия.Раҳмон тӯҳфаро "беҳтарин" унвон кард. Гузашта аз ин, президенти Русия ба ҳамтои тоҷики худ расми “Дӯстони тоҷик”-и рассоми импрессионисти шӯравӣ Макс Бирштейнро ҳадя кард.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/09/1071873101_0:0:2562:1923_1920x0_80_0_0_f0454bab1f0c29b2f4c654ebe35eaab1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, раҳмон, ҳадя
Нусхаи нодири китоб дар бораи таърихи тоҷикон: Путин ба Раҳмон боз чӣ ҳадя кард?
11:21 09.10.2025 (Навсозишуда: 16:07 09.10.2025) "Беҳтарин ҳадя": Раҳмон наққошию китоби “Тоҷикон”-ро, ки Путин ба ӯ ҳадя кард, ҳамин гуна тавсиф намуд
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Президентҳои Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар боғи ботаникӣ зиёфати ғайрирасмӣ баргузор карданд.
Қабл аз ин, сарвари Русия баробари ворид шудан ба Тоҷикистон бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки бунёдгузори нахустин давлати тоҷикон маҳсуб мешавад, гул гузошт.
Маросими гулгузорӣ дар саҳни маҷмааи ёдгории "Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон" дар майдони "Дӯстӣ" дар маркази Душанбе баргузор шуд. Раҳбари Русияро аз ҷумла Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон ҳамроҳӣ кард.
Пас аз ин Путин ва Раҳмон дар боғи ботаникии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон “Ирам” сайру гашт карданд.
Зимни сайру гашт Путинро дарахте дар боғи ботаникии Душанбе ба худ ҷалб кард. Мутахассиси маҳаллӣ ба раисиҷумҳури Русия гуфт: "Ин як дарахти тропикӣ аст, ки дар Африқо ва Осиёи Марказӣ мерӯяд".
Ҳамин ҷо Путин ва Раҳмон ғизои шом тановул карданд.
Баъд, кишвардори Русия ба ҳамтои тоҷики худ як нашрияи нодиреро дар бораи тоҷикон ҳадя кард. Путин қайд кард, ки ин китоб ҳамагӣ 25 нусха нашр шудааст ва ӯ "нусхаи рақами як"-ро ба Душанбе овардааст.
"Ҳамагӣ 25 нусха ҳаст. Ин нусхаи рақами як аст. Ин асари воқеан илмӣ як хулосаи бунёдии маводро дар бораи таърих, антропология, демография ва этнографияи ҳаёти тоҷикон муаррифӣ мекунад. Аз ҷумла тақсимоти тоҷикон бар асоси манобеъи омори дастрас, аз барӯйхатгирии охирини Русия", - таъкид кард раҳбари Русия.
Раҳмон тӯҳфаро "беҳтарин" унвон кард. Гузашта аз ин, президенти Русия ба ҳамтои тоҷики худ расми “Дӯстони тоҷик”-и рассоми импрессионисти шӯравӣ Макс Бирштейнро ҳадя кард.