https://sputnik.tj/20250814/rusiya-dushanbe-majmuai-buzurg-adabiyot-1069975409.html
Русия ба кӯдакони Душанбе маҷмуаи бузурги адабиёт ҳадя кард
Русия ба кӯдакони Душанбе маҷмуаи бузурги адабиёт ҳадя кард
Sputnik Тоҷикистон
Ба боғчаи бачагони пойтахт китобҳои таълимии забони русӣ барои бачагони хурдсол, инчунин адабиёти бадей фиристода шуданд
2025-08-14T14:15+0500
2025-08-14T14:15+0500
2025-08-18T13:44+0500
дар тоҷикистон
душанбе
русия
китоб
адабиёт
ҳадя
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/0e/1069973327_2:0:1278:718_1920x0_80_0_0_2d4eb5bf1092718c0863a09f27433b5b.jpg
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. "Хонаи рус" ба боғчаи бачагони шаҳри Душанбе маҷмуаи калони адабиёт туҳфа кард. Дар ин бора намояндагии "Россотрудничество" хабар додааст. Муассисаи томактабии "Дунёи ширин", ки дар он кӯдакони аз 2 то 6-сола таҳсил мекунанд, нусхаҳои китобҳои таълимии барои кӯдакони хурдсол, инчунин адабиёти бадеиро дастрас намуданд. Қаблан хонандагони мактабҳои мусиқии шаҳри Хуҷанд як силсила асбобҳои таълимӣ гирифтанд. Дар маҷмӯъ, “Хонаи русӣ” дар Хуҷанд 300 адад нашрияро барои кӯдакон ҳадя кард. Гуфта мешавад, ки китобҳо ба мактаби мусиқии кӯдаконаи рақами 2 ба номи Б.Ниёзов ва мактаби санъати бачагонаи ба номи Л.Шералӣ дода шудаанд. Нашрияҳо аз антологияҳо оид ба таълими фортепиано ва скрипка, дастурҳо оид ба вокал ва равоншиносии мусиқӣ, таърихи санъат, инчунин маводҳо оид ба ҳунарҳои мардумӣ ва санъати ороишӣ ва амалӣ иборатанд.
душанбе
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/0e/1069973327_162:0:1119:718_1920x0_80_0_0_ed95911824ace6877cd4973cae59e0d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, кӯдакони душанбе, маҷмуаи бузурги адабиёт
русия, кӯдакони душанбе, маҷмуаи бузурги адабиёт
Русия ба кӯдакони Душанбе маҷмуаи бузурги адабиёт ҳадя кард
14:15 14.08.2025 (Навсозишуда: 13:44 18.08.2025) Ба боғчаи бачагони пойтахт китобҳои таълимии забони русӣ барои бачагони хурдсол, инчунин адабиёти бадей фиристода шуданд
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. "Хонаи рус" ба боғчаи бачагони шаҳри Душанбе маҷмуаи калони адабиёт туҳфа кард.
Дар ин бора намояндагии "Россотрудничество" хабар додааст.
Муассисаи томактабии "Дунёи ширин", ки дар он кӯдакони аз 2 то 6-сола таҳсил мекунанд, нусхаҳои китобҳои таълимии барои кӯдакони хурдсол, инчунин адабиёти бадеиро дастрас намуданд.
"Китоб ҳамсафари вафодори кӯдак дар роҳи донишу бозёфт аст. Кӯдакон тавассути китобхонӣ орзу кардан, андеша намудан ва омӯхтани ҷаҳонро ёд мегиранд. Мо аз ин тӯҳфаи арзишманд, ки ҳар рӯз ба тарбиятгирандагони мо илҳом мебахшад, миннатдорем",- таъкид кард мудири кӯдакистон Замира Эрматова.
Қаблан хонандагони мактабҳои мусиқии шаҳри Хуҷанд як силсила асбобҳои таълимӣ гирифтанд.
Дар маҷмӯъ, “Хонаи русӣ” дар Хуҷанд 300 адад нашрияро барои кӯдакон ҳадя кард. Гуфта мешавад, ки китобҳо ба мактаби мусиқии кӯдаконаи рақами 2 ба номи Б.Ниёзов ва мактаби санъати бачагонаи ба номи Л.Шералӣ дода шудаанд.
Нашрияҳо аз антологияҳо оид ба таълими фортепиано ва скрипка, дастурҳо оид ба вокал ва равоншиносии мусиқӣ, таърихи санъат, инчунин маводҳо оид ба ҳунарҳои мардумӣ ва санъати ороишӣ ва амалӣ иборатанд.