https://sputnik.tj/20251006/emomali-rahmon-tojikistonro-zaboni-khoriji-1071759153.html
Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба омӯхтани ду забони хориҷӣ даъват кард
Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба омӯхтани ду забони хориҷӣ даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон дар паёми шодбошияш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ мардуми тоҷикро ба омӯхтани забони русӣ ва англисӣ даъват кард
2025-10-06T09:34+0500
2025-10-06T09:34+0500
2025-10-06T09:34+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
забони тоҷикӣ
забони хориҷӣ
рӯзи забони давлатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/1e/1070666782_0:161:3068:1887_1920x0_80_0_0_de58f3bfbea2b60c97173f5e7e991aa9.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, таъкид кард, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ тавассути забони давлатӣ ва ба дараҷаи аъло донистани он ба роҳ монда шавад.Президент гуфт, дар баробари омӯхтан ва арҷу эҳтиром гузоштан ба забони давлатӣ зарур аст, ки ба масъалаи донистани забонҳои хориҷӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.Зеро, ба аҳли олам беҳтар муаррифӣ кардани таъриху тамаддуни миллати бостонии тоҷик ва дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон тавассути забонҳои хориҷӣ муяссар мегардад.Дар ҳамин ҳол, кишвардор гуфт, барои таъмини рушди ояндаи илмӣ, бояд шароит муҳайё сохт, то фарзандон забонҳои хориҷиро хуб омӯзанд ва ҳамчун кадрҳои ба талаботи замонаи пешрафт ҷавобгӯй ба камол расанд."Ҳамчунин, мо бояд ба китобхонӣ таваҷҷуҳи доимӣ диҳем, зеро хондани китоб, дар навбати аввал, боиси болоравии сатҳи забондонӣ, маърифатнокӣ ва васеъ гардидани ҷаҳонбинии инсон мегардад", - таъкид кард президент.Президент вазифагузорӣ кард, ки адибону ҳунармандони тоҷик бояд таҷриба ва анъанаҳои неки ниёгони хешро дар самти нигаҳдорӣ ва мондагории забони модарии худ идома дода, дар таҳкиму такмили он саҳми боз ҳам бештар гузоранд.
https://sputnik.tj/20251005/dovtalab-tojikiston-kvota-rusiya-1071748980.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/1e/1070666782_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_08f8b28c0bbfc214a84fe9d7312db2a8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон, забономӯзӣ, забони русӣ, англисӣ
раҳмон, забономӯзӣ, забони русӣ, англисӣ
Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба омӯхтани ду забони хориҷӣ даъват кард
Президенти Тоҷикистон дар паёми шодбошияш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ мардуми тоҷикро ба омӯхтани забони русӣ ва англисӣ даъват кард
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, таъкид кард, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ тавассути забони давлатӣ ва ба дараҷаи аъло донистани он ба роҳ монда шавад.
Президент гуфт, дар баробари омӯхтан ва арҷу эҳтиром гузоштан ба забони давлатӣ зарур аст, ки ба масъалаи донистани забонҳои хориҷӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Зеро, ба аҳли олам беҳтар муаррифӣ кардани таъриху тамаддуни миллати бостонии тоҷик ва дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон тавассути забонҳои хориҷӣ муяссар мегардад.
"Зарур аст, ки махсусан, ба омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад. Чунки забонҳои зикршуда аз ҷумлаи забонҳои ҷаҳонӣ мебошанд", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ҳамин ҳол, кишвардор гуфт, барои таъмини рушди ояндаи илмӣ, бояд шароит муҳайё сохт, то фарзандон забонҳои хориҷиро хуб омӯзанд ва ҳамчун кадрҳои ба талаботи замонаи пешрафт ҷавобгӯй ба камол расанд.
"Ҳамчунин, мо бояд ба китобхонӣ таваҷҷуҳи доимӣ диҳем, зеро хондани китоб, дар навбати аввал, боиси болоравии сатҳи забондонӣ, маърифатнокӣ ва васеъ гардидани ҷаҳонбинии инсон мегардад", - таъкид кард президент.
Президент вазифагузорӣ кард, ки адибону ҳунармандони тоҷик бояд таҷриба ва анъанаҳои неки ниёгони хешро дар самти нигаҳдорӣ ва мондагории забони модарии худ идома дода, дар таҳкиму такмили он саҳми боз ҳам бештар гузоранд.