Муроҷиат ба СММ, сайёҳӣ ва гӯштингирӣ: моҳи сентябр дар Тоҷикистон бо чӣ хотирмон буд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон выступил с речью на 80-й сессии Генеральной Ассамблеи ООН
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон выступил с речью на 80-й сессии Генеральной Ассамблеи ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2025
Обуна шудан
Моҳи гузашта аз рӯйдодҳои байналмилалӣ бой буд, ки ба пешрафт ва эътирофи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат карданд
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Моҳи сентябр бо изҳороти муҳими президент ва мақомоти баландпояи ҳукумат дар чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ ва як қатор чорабиниҳое, ки барои баланд бардоштани мақоми иқтисодӣ ва сиёсии кишвар аҳамияти ҳалкунанда доштанд, хотирмон буд.
Sputnik Тоҷикистон дар бораи рӯйдодҳои муҳими моҳи гузашта нақл мекунад.

Таҷлили Рӯзи Истиқлолият

Рӯзи 9 сентябр Тоҷикистон 34-умин солгарди истиқлолияти давлатии худро ботантана таҷлил кард. Ин рӯз дар баробари ҷашни Наврӯз яке аз рамзҳои аслии ваҳдату соҳибихтиёрии миллӣ ва як ҷашни муҳим маҳсуб меёбад.
Ҳамасола ҷашн бо чорабиниҳои калони фарҳангиву иҷтимоӣ қайд карда мешавад. Соли 2025 низ истисно набуд.
Ҷашнвораи марказӣ, ки дар он чун анъана раҳбарияти кишвар таҳти сарварии раисҷумҳур ҷамъ меоянд, дар Кӯлоб баргузор шуд. Аммо, таваҷҷуҳи мардум ҳамоно ба Душанбе нигаронида шуда буд, ки он ҷо ҷашн чанд рӯз тӯл кашид.
Барномаи асосӣ шоми 9 сентябр дар майдони Истиқлол сурат гирифт, ки ҳунармандони маъруфи тоҷик дар он ҳунарнамоӣ карданд ва бо он оташбозии рангин анҷом ёфт.
Празднование дня независимости Таджикистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2025
Рӯзи истиқлолият дар Душанбе бошукӯҳ таҷлил шуд - Видео
Кишварҳои хориҷӣ низ Тоҷикистонро бо ин ҷашн табрик карданд. Дар Маскав се бинои баландошёнаи маркази пойтахт бо рангҳои парчами миллӣ мунаввар карда шуд, дар ИМА шаршараи Ниагара ҳамин тавр якчанд дақиқа равшан шуда, дар Сеул рамзҳои Тоҷикистон дар бинои ҳукумати шаҳр намоиш дода шуданд ва дар Доха меҳмонхонаи "Шератон Гранд" чунин мунаввар гардид.

Муроҷиати раисҷумҳур аз минбари СММ

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 сентябр дар иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии СММ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ суханронӣ кард. Вай чолишҳо ва авлавиятҳои асосиро, ки на танҳо Тоҷикистон, балки як қисми муҳими чахонро дар пеш аст, изҳор кард.
Мавзӯи аслии суханронии ӯ таҳдиди тағйирёбии иқлим, бахусус дар заминаи обшавии босуръати пиряхҳо дар манотиқи кӯҳистонии Осиёи Марказӣ буд.
Раҳмон таъкид кард, ки ин равандҳо ба амнияти оби минтақа мустақиман таҳдид мекунанд. Дар ин замина раисиҷумҳури Тоҷикистон бори дигар ибтикори байнулмилалӣ "Раванди оби Душанбе"-ро пешбарӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ширкат дар конфронси сатҳи баланд, ки дар ин кишвар баргузор мешавад, даъват кард.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон выступил с речью на 80-й сессии Генеральной Ассамблеи ООН  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2025
Оташбас дар Ғазза ва кумак ба Афғонистон: нуқоти асосӣ аз суханронии Раҳмон дар СММ
Муҳимтар аз ин, як бахши қобили мулоҳизаи паёми Раҳмон интиқод аз низоми мавҷудаи молии байнулмилалӣ буд. Раҳбари Тоҷикистон пешниҳод кард, ки шароити дастрасӣ ба маблағгузорӣ барои кишварҳои осебпазир, аз ҷумла кишварҳои кӯҳистонӣ ва бе роҳи баромад ба баҳр, боздид карда шавад.
Вай ба сабук кардани пардохти қарз ва афзоиши сармоягузорӣ ба рушди устувор даъват карда, қайд кард, ки механизмҳои ҷорӣ хусусиятҳои иқлимӣ ва ҷуғрофии ин минтақаҳоро ба таври кофӣ ба инобат намегиранд.
Раҳмон ҳамчунин пешниҳод кард, ки Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ эълон шуда, Даҳсолаи эҳёи сулҳ барои наслҳои оянда оғоз шавад.

Душанбе ба маркази ҷаҳонии варзиш табдил меёбад

Охири моҳи сентябр дар Душанбе як мусобиқаи бузурги варзишии сатҳи ҷаҳонӣ – Ҷоми ҷаҳонии самбо-2025 баргузор шуд.
Бо дарназардошти мусобиқаи бонуфузи дзюдо дар Душанбе- Dushanbe Grand Slam, ки чанде қабл баргузор шуд, мизбонии ду чорабинии бузург тадриҷан Тоҷикистонро ба як маркази ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ табдил медиҳад.
Дар таърихи кишвар бори аввал аст, ки мусобиқаи чунин сатҳи баланд баргузор мешавад. Он дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шуда, ҳудуди 180 варзишгар аз 12 кишвари ҷаҳонро гирд овард.
Мусобиқа марҳилаи дуюми Ҷоми ҷаҳонии самбо-2025 буд (аввалаш дар Ереван моҳи июн баргузор шуда буд).
Самбочиёни Русия 9 медали тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварда, бартарии равшан нишон доданд. Туркманистон 11 медал, аз ҷумла 4 тилло ба даст овард, ки ин изҳороти қавӣ аз ҷониби ҳамсоякишвар аст.
Варзишгарони тоҷик низ маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд. Дар рӯзи аввали мусобиқот Комроншоҳ Устопириён ва Анӯшервон Назарзода медалҳои биринҷӣ гирифтанд.
Рӯзи дуюм низ барои тоҷикон бобарор буд: Фаридун Одилов ва Холид Толибзода медали тилло, Ҷумъахон Ҳусайн ва Мустафо Алибеков медалҳои нуқра гирифтанд.

Равзанаи Тоҷикистон ба ҷаҳони сайёҳӣ

Бидуни навигариҳои варзишӣ, моҳи гузашта аз воқеаҳои сайёҳӣ низ бой буд. Аз 18 то 20 сентябр дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (DITE-2025) баргузор гардид.
Ин чорабинӣ бо дастгирии ҳукумат баргузор шуда, зиёда аз 200 ширкат, сармоягузор ва мутахассисонро аз 20 кишвари ҷаҳон ҷамъ овард. Ҳадафи аслии намоишгоҳ муаррифии зарфиятҳои гардишгарии Тоҷикистон, ҷалби сармоя ба ин соҳа ва таъсиси бренди нави кишвар дар миёни сайёҳони хориҷӣ буд.
Намоишгоҳҳо туризми экологӣ, кӯҳнавардӣ ва сайёҳӣ, хатсайрҳои таърихию фарҳангӣ ва имконоти табобатгоҳҳову истироҳатгоҳҳоро ба намоиш гузоштанд.
Таваҷҷӯҳи махсус ба Помир, кӯҳҳои Фон, кӯли Искандаркӯл ва шаҳрҳои бостонии вилояти Суғд нигаронида шуд, ки метавонанд сайёҳони зиёдро ҷалб кунанд.
Оғози Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе - видео  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2025
Оғози Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе - видео
Дар баробари намоишгоҳ Форуми сармоягузории сайёҳӣ баргузор гардид, ки ба дастрасии инфрасохтор, зарурати рақамикунонии хизматрасониҳои сайёҳӣ, омӯзиши кадрҳо ва имкониятҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ бахшида шуда буд.
Аз ҷониби мақомоти давлатӣ паёми рӯшан фиристода шуд, ки Тоҷикистон ба муколамаи ошкоро бо сармоягузорон омода аст ва ба рушди устувори сайёҳӣ манфиатдор аст.
Ҳоло савол ин аст, ки то чӣ андоза кишвар метавонад муваффақияти намоишгоҳро ба сайёҳии устувор ва фоидаи иқтисодӣ табдил диҳад.

Бо як сархат

Аз 1-уми сентябр дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон низоми баҳогузории 10-холӣ ба ҷои низоми 5-холӣ расман ҷорӣ шуд. Ин як қисми ислоҳоти васеътарест, ки ба баланд бардоштани шаффофият ва мутобиқсозӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ нигаронида шудааст.
Тоҷикистон ба сокинони аз заминларзаи харобиовар осебдидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристод.
Корвони иборат аз 100 мошин тақрибан 3000 тон кӯмаки башардӯстона, аз ҷумла ғизо, либос, масолеҳи сохтмонӣ ва ангиштро ба вилояти Кунор интиқол дод.
Созмони рушди саноатии Созмони Милали Муттаҳид (UNIDO) дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон бо маблағгузории Русия аз роҳандозии платформаи миллии рақамии “Равзанаи ягона барои минтақаҳои озоди иқтисодӣ” хабар дод.
Ба гуфтаи Ашӯрбой Солеҳзода, муовини вазир, ҳадафи лоиҳа таҷдиди хизматрасонӣ ба сармоягузорон, коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ ва шаффофияти расмиёти минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад.
Военнослужащий 288-й гвардейской артиллерийской бригады ВС РФ запускает беспилотный летательный аппарат  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Сердюков: СПАД таҷрибаи амалиёти вижаро дар тамринот ба назар мегирад
Нерӯҳои низомии Тоҷикистон ва пойгоҳи 201-уми Русия дар тамринҳои СПАД дар Беларус ва Қирғизистон ширкат карданд. Навоварии асосӣ дар муқоиса бо солҳои қаблӣ омӯзиши васеътар аз истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин буд ва диққати махсуси машқҳо ба мубориза бо терроризм нигаронида шуда буданд.
Бо ибтикори шаҳрдории пойтахт барои сокинон ва меҳмонони пойтахт хатсайри ройгони пиёдагардии "Сайругашт дар Душанбе" ташкил карда шуд. Ба гуфтаи мақомот, ин тарҳ барои ташвиқи сокинон ба ҳаёти фарҳангиву сайёҳии шаҳр ва таҳкими сайёҳии маҳаллӣ пешбинӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0