https://sputnik.tj/20250919/oghozi-namoishgohi-baynalmilali-sayyohii-dushanbe-video-1071333684.html
Оғози Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе - видео
Оғози Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition, DITE) — 2025 ифтитоҳ гардид
2025-09-19T18:11+0500
2025-09-19T18:11+0500
2025-09-19T18:11+0500
дар тоҷикистон
видео
намоишгоҳ
сайёҳӣ
гардишгарӣ
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/13/1071333144_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_4f7ebfa6acd7eff6ba521a60e52da6c2.jpg
Зимни ифтитоҳи он роҳбарон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ, шарикони байналмилалӣ ва зиёда аз 200 ширкати хизматрасони соҳаи сайёҳӣ аз Тоҷикистон ва кишварҳои ҷаҳон иштирок намуданд.Қайд карда шудааст, ки дар DITE-2025 зиёда аз 200 ширкат, аз ҷумла 65 ширкати хориҷӣ иштирок доранд. Ширкатҳои хориҷӣ асосан аз Олмон, Британияи Кабир, Русия, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Эрон, Покистон, Баҳрайн, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Яман, Сурия ва Марокаш мебошанд.Ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо, муассисаҳои табобатию солимгардонӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти армуғонӣ имконияту хизматрасонии худро дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе муаррифӣ мекунанд.Сайёҳати бароҳат: Дар Душанбе портали сайёҳӣ рӯнамоӣ шудДар доираи намоишгоҳ вохӯриҳо дар шакли B2B ва баимзорасонии санадҳои нави ҳамкорӣ низ пешбинӣ гардидаанд.Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд баргузории чунин намоишгоҳҳо ба рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, фарҳангӣ ва таърихии мамлакат ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ мусоидат менамоянд.Сафари наздик ба 1,5 миллион гардишгари тоҷикистонӣ ба УзбекистонЁдовар мешавем, ки нахустин "Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе" ("Dushanbe International Tourism Exhibition" (DITE) аз 25 то 27 сентябри соли 2024 баргузор шуда буд.Дар он 20 ширкати хориҷӣ аз 16 шаҳри давлатҳои хориҷӣ ва 90 ширкати ватанӣ иштирок карда, маҳсулот ва химатрасонияшонро муаррифӣ намуда буданд.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/13/1071333144_80:0:1520:1080_1920x0_80_0_0_f303b8335986771b9af66af6e582fa60.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, тоҷикистон, сайёҳӣ, намоишгоҳ, душанбе, гардишгарӣ
видео, тоҷикистон, сайёҳӣ, намоишгоҳ, душанбе, гардишгарӣ
Оғози Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе - видео
Дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition, DITE) — 2025 ифтитоҳ гардид
Зимни ифтитоҳи он роҳбарон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ, шарикони байналмилалӣ ва зиёда аз 200 ширкати хизматрасони соҳаи сайёҳӣ аз Тоҷикистон ва кишварҳои ҷаҳон иштирок намуданд.
Қайд карда шудааст, ки дар DITE-2025 зиёда аз 200 ширкат, аз ҷумла 65 ширкати хориҷӣ иштирок доранд. Ширкатҳои хориҷӣ асосан аз Олмон, Британияи Кабир, Русия, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Эрон, Покистон, Баҳрайн, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Яман, Сурия ва Марокаш мебошанд.
Ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо, муассисаҳои табобатию солимгардонӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти армуғонӣ имконияту хизматрасонии худро дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе муаррифӣ мекунанд.
Дар доираи намоишгоҳ вохӯриҳо дар шакли B2B ва баимзорасонии санадҳои нави ҳамкорӣ низ пешбинӣ гардидаанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд баргузории чунин намоишгоҳҳо ба рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, фарҳангӣ ва таърихии мамлакат ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ мусоидат менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки нахустин "Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе" ("Dushanbe International Tourism Exhibition" (DITE) аз 25 то 27 сентябри соли 2024 баргузор шуда буд.
Дар он 20 ширкати хориҷӣ аз 16 шаҳри давлатҳои хориҷӣ ва 90 ширкати ватанӣ иштирок карда, маҳсулот ва химатрасонияшонро муаррифӣ намуда буданд.