https://sputnik.tj/20250910/istiqloliyat-tojikiston-dushanbe-boshukuh-video-1071033077.html
Рӯзи истиқлолият дар Душанбе бошукӯҳ таҷлил шуд - Видео
Рӯзи истиқлолият дар Душанбе бошукӯҳ таҷлил шуд - Видео
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамасола дар рӯзи истиқлол дар пойтахти Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ, ярмаркаҳои фурӯши маводи ғизоӣ баргузор шуда, бо консерт ва оташбозии идона анҷом меёбад
2025-09-10T13:01+0500
2025-09-10T13:01+0500
2025-09-10T13:01+0500
истиқлол
таҷлил
дар тоҷикистон
душанбе
9 сентябр
рӯзи истиқлолият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0a/1071029291_0:160:3074:1889_1920x0_80_0_0_7cac3a533681770575792f07bb164bca.jpg
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. 34-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо тантана таҷлил шуд. Дар чорабиниҳои идона хабарнигори Sputnik Тоҷикистон низ ширкат дошт. Садҳо сокинон ва меҳмонони пойтахт, ба истиқболи Рӯзи истиқлол барои тамошои консерти идона пешакӣ дар майдони Истиқлол ҷамъ омаданд.Дар оғози чорабинӣ муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ табрикоти раиси пойтахт Рустами Эмомалиро ба кулли шаҳрвандон ва меҳмонон ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ расонд. Дар майдони Истиқлол тантанаву ярмаркаҳои фурӯши маводи ғизоӣ ташкил карда шуда, шомгоҳон сокинон барномаи бузурги фарҳангиро тамошо карданд.Консерт бахшида ба Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон бо оташбозии дурахшони идона анҷом ёфт. Он якчанд дақиқа давом кард.Аз суруду рақс то оташбозӣ: гузориши аксӣ аз таҷлили Рӯзи истиқлол дар ДушанбеҚобили зикр аст, ки дар ин рӯз дар саросари Тоҷикистон ҷашнҳои оммавӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва консертҳо баргузор мешаванд.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0a/1071029291_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_a7d8d5aba1bae3790a62ae1e0a6ab66a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
истиқлолият, тоҷикистон, душанбе
истиқлолият, тоҷикистон, душанбе
Рӯзи истиқлолият дар Душанбе бошукӯҳ таҷлил шуд - Видео
Ҳамасола дар рӯзи истиқлол дар пойтахти Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ, ярмаркаҳои фурӯши маводи ғизоӣ баргузор шуда, бо консерт ва оташбозии идона анҷом меёбад
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. 34-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо тантана таҷлил шуд.
Дар чорабиниҳои идона хабарнигори
Sputnik Тоҷикистон низ ширкат дошт.
Садҳо сокинон ва меҳмонони пойтахт, ба истиқболи Рӯзи истиқлол барои тамошои консерти идона пешакӣ дар майдони Истиқлол ҷамъ омаданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ табрикоти раиси пойтахт Рустами Эмомалиро ба кулли шаҳрвандон ва меҳмонон ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ расонд.
Дар майдони Истиқлол тантанаву ярмаркаҳои фурӯши маводи ғизоӣ ташкил карда шуда, шомгоҳон сокинон барномаи бузурги фарҳангиро тамошо карданд.
Консерт бахшида ба Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон бо оташбозии дурахшони идона анҷом ёфт. Он якчанд дақиқа давом кард.
Қобили зикр аст, ки дар ин рӯз дар саросари Тоҷикистон ҷашнҳои оммавӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва консертҳо баргузор мешаванд.