Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Трамп боз аз зарурати мулоқоти Путин ва Зеленский таъкид кард

© AP / Evan VucciПрезидент США Дональд Трамп.
Президент США Дональд Трамп. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2025
Обуна шудан
Раисҷумҳури Амрико ахиран гуфт, ки то ҳол боварӣ дорад, мулоқоти Путин ва Зеленский имрӯз барои барқарории сулҳ бисёр зарур аст
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп ба зарурати ташкили мулоқоти раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо Владимир Зеленский барои ҳалли низоъ дар Украина таъкид кард.
"Мо бояд ин масъаларо бо президент Путин ва Зеленский ҳал кунем, онҳоро ба ҳам биёрем ва натиҷа ба даст орем. Аммо роҳи ягонаи ин кор аз мавқеи қавӣ аст", - гуфт Трамп дар муроҷиат ба афсарони аршади ИМА.
Президенти ИМА Доналд Трамп бори дигар таъкид кард, ки бинобар равобити шахсии хубаш бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин фикр мекард ҳалли низоъ дар Украина осон хоҳад буд.
"Ҳеҷ гоҳ намедонем, ки бо ҷанг чӣ рӯй медиҳад. Осонтарин ҳал кардан бо Путин аст. Ман гуфтам, ки пеш аз ҳама, агар ман президент мебудам, ин ҷанг ҳеҷ гоҳ оғоз намешуд... Аммо ман Путинро хеле хуб медонистам ва фикр мекардам, ки ин кор осон хоҳад буд, зеро ман ӯро хеле хуб мешинохтам. Хуб, ин ҷанг аз ҳама мушкилтарин мебошад", - гуфт ӯ.
Встреча президентов России и США на Аляске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2025
Музокироти Путин ва Трамп дар Аляска
Трамп мехоҳад ба зудӣ мулоқоти сеҷонибаи ИМА, Русия ва Украинаро ташкил кунад
Дар ҳамин ҳол, ахиран раисиҷумҳури Лаҳистон Карол Навротский бовар дорад, ки президенти ИМА Доналд Трамп ягона раҳбари ҷаҳон аст, ки қодир ба музокира бо президенти Русия Владимир Путин аст.
"Президент Доналд Трамп ягона раҳбар дар ҷаҳони озод аст, ки қодир аст бо Владимир Путин музокира кунад. Албатта, самти ин музокирот, василаҳое, ки ӯ интихоб мекунад ва ангезаҳои ӯ тасмими худи ӯст. Бо вуҷуди ин, ӯ ягона шахсест, ки дар ҷаҳон қодир аст чунин музокиротро анҷом диҳад", - гуфт раҳбари Лаҳистон.
Худи Навротский худро дар ин симо намебинад. "Ман бо Владимир Путин музокиракунандаи хуб намебудам" иқрор шуд ӯ ва ақида ва таҷрибаи таърихии худро яке аз сабабҳо номид.
Вай илова кард, ки президент Доналд Трамп ягона шахсест, ки чунин музокиротро анҷом дода метавонад ва раҳбарони кишварҳои Ғарб бояд ӯро дар ин кор дастгирӣ кунанад.
Лентаи хабарҳо
0