Государственные флаги России и США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2025
Музокироти Путин ва Трамп дар Аляска
Музокироти раисҷумҳури Русия Владимир Путин, ва президенти Амрико Доналд Трамп, рӯзи 15 август дар Аляска баргузор мегардад. Кохи Кремл гуфт, ҷонибҳо ба ҳалли бӯҳрони Украина ва истиқрори сулҳи дарозмуддат дар ин кишварро баррасӣ хоҳанд кард.

Трамп мехоҳад ба зудӣ мулоқоти сеҷонибаи ИМА, Русия ва Украинаро ташкил кунад

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонкВстреча президентов России и США на Аляске
Встреча президентов России и США на Аляске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2025
Обуна шудан
Трамп мехоҳад бо Путин ва Зеленский рӯзи 22 август мулоқот кунад, хабар медиҳад Axios
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп ба Владимир Зеленский ва раҳбарони Урупо гуфт, ки мехоҳад бо ҳамтои русаш Владимир Путин ва Зеленский аллакай 22 август мулоқоти сеҷониба баргузор кунад.
Дар ин бора, Axios бо такя ба манобеъи огоҳ хабар додааст.
"Ӯ (Трамп. — шарҳ аз идора.) инчунин дар як суҳбати телефонӣ ба раҳбарони аврупоӣ пас аз нишаст (дар Аляска. — шарҳ аз идора.) гуфтааст, ки мехоҳад рӯзи ҷумъаи оянда бо Путин ва Зеленский мулоқоти сеҷониба ташкил кунад", — гуфта мешавад дар хабар.
Рӯзи душанбе мулоқоти Трамп, Зеленский ва намояндагони Иттиҳодияи Аврупо дар Кохи Сафед дар назар аст.

Натоиҷи гуфтушунид дар Аляска

Шаби шанбе Путин ва Трамп дар пойгоҳи низомии Элмендорф-Ричардсон дар Анкориҷ мулоқот карданд.
Мулоқот дар шакли "се бар се" ду соату 45 дақиқа давом кард. Аз ҷониби Русия дар ин нишаст вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров ва ёвари президент Юрий Ушаков ширкат доштанд.
Суҳбати боэътимод: музокироти таърихии Путин ва Трамп дар Аляска
Сиёсатмадорон азми ду кишварро барои ба даст овардани натиҷаҳо таъкид намуда, самтҳои зиёди кори муштаракро қайд карданд.
Путин ба ҳамтои худ барои даъват изҳори сипос кард ва ба наздикии Русия ва Иёлоти Муттаҳида, ки онҳоро уқёнус аз ҳам ҷудо мекунад, ишора кард.
Саммит России и США на Аляске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2025
Музокироти Путин ва Трамп дар Аляска
Трамп тафсилоти мулоқот бо Путин ва суҳбат бо Зеленскийро ошкор кард
Кишвардорон изҳор доштанд, ки омодаанд барои поён додан ба низоъ дар Украина кор кунанд.
Ба гуфтаи Трамп, дар мавриди нуктаҳои муҳими созиш то ҳол созиш вуҷуд надорад, аммо имкони ба даст овардани сулҳ вуҷуд дорад.
Сардори Касри Сафед иқрор шуд, ки мулоқоти навбатӣ дар Маскав барпо мегардад. Ӯ ҳамчунин аз Владимир Зеленский даъват кард, ки бо Русия созиш кунад; имконияти сулҳ аз ӯ ва кишварҳои Урупо вобаста аст.
Лентаи хабарҳо
0