https://sputnik.tj/20250926/iiao-eron-kharita-roh-1071516318.html
Тиҷорати ҳалол: ИИАО ва Эрон харитаи роҳ имзо карданд
Тиҷорати ҳалол: ИИАО ва Эрон харитаи роҳ имзо карданд
Sputnik Тоҷикистон
ИИАО ва Эрон ба мувофиқа расиданд, ки мувофиқи стандартҳои Созмони метрологияи исломӣ амал кунанд. Интиқоли маҳсулоти ҳалол аллакай ба роҳ монда шудааст
2025-09-26T10:40+0500
2025-09-26T10:40+0500
2025-09-26T10:40+0500
иқтисод
ииао
эрон
ҳамкорӣ
имзо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/19/1071516558_0:94:1400:883_1920x0_80_0_0_ed64f35c1bb0aa65669f8a58eab9866a.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Эрон як харитаи роҳи сесолаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба имзо расониданд.Дар ин бора вазири савдои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Андрей Слепнев, дар пайи ҷаласаи кумитаи муштараки иҷрои созишномаи тиҷорати озод ба хабарнигорон гуфт, гузориш медиҳад ТАСС.Вазири ИИАО ҳамчунин аз кори назаррасе, ки барои лағви маҳдудиятҳои воридот дар Эрон анҷом мешавад, қайд кард. "Инҳо имтиёзҳои воқеан нодиранд, ки аз ҷониби Эрон ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дода шудааст", - гуфт ӯ. Вазир ҳамчунин ба имзои санад дар бораи сертификатсияи маҳсулоти ҳалол ишора кард. "Ин воқеан як масъалаи калидӣ барои тиҷорати кишоварзӣ дар ҳоли ҳозир аст. Мо ба мувофиқа расидем, ки мувофиқи стандартҳои Созмони метрологияи исломӣ дар ин самт амал кунем", - гуфт Слепнев ва таъкид кард, ки интиқоли маҳсулоти ҳалол аллакай ба роҳ монда шудааст. Вай дар посух ба суолҳои рӯзноманигорон гуфт: "Созише, ки мо ба даст овардем, ба мо имкон медиҳад, ки ин ҳаҷмро тавассути содда кардани расмиёти сертификатсия ба талаботи исломӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои дақиқ миёни мақомоти гумрук тавсеа диҳем".Гузашта аз ин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки кори амалӣ оид ба стандартҳо байни кишварҳо ва рафъи монеаҳои техникӣ дар тиҷоратро оғоз кунанд. "Мехоҳам тавофуқеро, ки ҳам мақомоти танзимкунанда ва ҳам ширкаткунандагони бозор дар мавриди тиҷорати электронӣ ба даст овардаанд, таъкид намоем. Муколамаи амалӣ миёни бузургтарин бозорҳои мо, ки як канали тиҷорат барои тиҷорати хурду миёна ҳастанд, оғоз шудааст. Мо интизорем, ки ба зудӣ дар бозорҳои электронии худ молҳои эронӣ ва бештари колоҳои худро дар бозорҳои электронии Эрон бубинем".
https://sputnik.tj/20250925/rushd-tijorat-tarhho-nav-eronu-iiao-1071476228.html
https://sputnik.tj/20250903/kreml-uzviyat-komil-eron-avruosiyo-1070827188.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/19/1071516558_110:0:1322:909_1920x0_80_0_0_5ad07e3a5e723fe9b4d5865e5df275d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, эрон, харитаи роҳ
Тиҷорати ҳалол: ИИАО ва Эрон харитаи роҳ имзо карданд
ИИАО ва Эрон ба мувофиқа расиданд, ки тибқи стандартҳои Созмони метрологияи исломӣ амал кунанд. Интиқоли маҳсулоти ҳалол аллакай ба роҳ монда шудааст
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Эрон як харитаи роҳи сесолаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба имзо расониданд.
Дар ин бора вазири савдои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Андрей Слепнев, дар пайи ҷаласаи кумитаи муштараки иҷрои созишномаи тиҷорати озод ба хабарнигорон гуфт, гузориш медиҳад ТАСС.
"Харитаи роҳ барои ҳамкориҳои муштарак дар самти иҷрои Созишномаи сесола ба имзо расид - як санади мукаммал, ки бахшҳои логистикаи нақлиётӣ ва муҳимтар аз ҳама, долони Шимолу Ҷанубро дар бар мегирад", - гуфт Слепнев.
Вазири ИИАО ҳамчунин аз кори назаррасе, ки барои лағви маҳдудиятҳои воридот дар Эрон анҷом мешавад, қайд кард.
"Инҳо имтиёзҳои воқеан нодиранд, ки аз ҷониби Эрон ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дода шудааст", - гуфт ӯ.
Вазир ҳамчунин ба имзои санад дар бораи сертификатсияи маҳсулоти ҳалол ишора кард.
"Ин воқеан як масъалаи калидӣ барои тиҷорати кишоварзӣ дар ҳоли ҳозир аст. Мо ба мувофиқа расидем, ки мувофиқи стандартҳои Созмони метрологияи исломӣ дар ин самт амал кунем", - гуфт Слепнев ва таъкид кард, ки интиқоли маҳсулоти ҳалол аллакай ба роҳ монда шудааст.
Вай дар посух ба суолҳои рӯзноманигорон гуфт: "Созише, ки мо ба даст овардем, ба мо имкон медиҳад, ки ин ҳаҷмро тавассути содда кардани расмиёти сертификатсия ба талаботи исломӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои дақиқ миёни мақомоти гумрук тавсеа диҳем".
Гузашта аз ин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки кори амалӣ оид ба стандартҳо байни кишварҳо ва рафъи монеаҳои техникӣ дар тиҷоратро оғоз кунанд.
"Мехоҳам тавофуқеро, ки ҳам мақомоти танзимкунанда ва ҳам ширкаткунандагони бозор дар мавриди тиҷорати электронӣ ба даст овардаанд, таъкид намоем.
Муколамаи амалӣ миёни бузургтарин бозорҳои мо, ки як канали тиҷорат барои тиҷорати хурду миёна ҳастанд, оғоз шудааст. Мо интизорем, ки ба зудӣ дар бозорҳои электронии худ молҳои эронӣ ва бештари колоҳои худро дар бозорҳои электронии Эрон бубинем".