Оверчук бо вазири саноат рушди тиҷорат ва тарҳҳои нави Эрону ИИАО-ро баррасӣ кард

© Sputnik / POOL / Валерий Шарифулин / Гузариш ба медиабонкВице-премьер РФ Алексей Оверчук. Архивное фото
Вице-премьер РФ Алексей Оверчук. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2025
Обуна шудан
Дар ҳафт моҳи аввали соли 2025 гардиши моли дуҷониба нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 - 11,8% афзоиш ёфтааст бо ИИАО 35% афзудааст, гуфт муовини нахуствазири Русия
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук бо вазири саноат, манобеъ ва тиҷорати Эрон Муҳаммад Отабак афзоиши тиҷорати дуҷониба ва тарҳҳои муштараки энержӣ ва саноеъро дар доираи ИИАО баррасӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Русия хабар додааст.
"Мо аллакай динамикаи мусбатро мушоҳида карда истодаем: дар 7 моҳи аввали соли ҷорӣ гардиши молии дуҷониба нисбат ба соли 2024 - 11,8% афзоиш ёфтааст. Аз моҳи май то июли соли 2025, яъне аз лаҳзаи эътибор пайдо кардани созишномаи тиҷорати озод (миёни Эрон ва ИИАО), мо аллакай дар ҳаҷми беш аз 35%-ро мушоҳида мекунем", - қайд кард Оверчук.
Бино ба иттилои хадамоти матбуот, ҷонибҳо самтҳои асосии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла дурнамои иҷрои созишномаи тиҷорати озод, рушди ҳамкориҳои ҳамгироӣ дар чорчӯби мақоми нозири Эрон дар ИИАО ва таҳкими иртибот дар меҳвари Шимолу Ҷанубро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин ба пешрафти лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои нақлиёту логистика, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.
Хадамоти матбуот қайд кард, ки соли 2025 барои равобити Русия ва Эрон соли таърихӣ буд: дар моҳи январ созишномаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба имзо расид, ки хусусияти хоси равобити дуҷонибаро таҳким мебахшад ва 15 май созишномаи тиҷорати озод байни ИИАО ва Эрон эътибор пайдо кард, ки имкониятҳои нави тиҷоратро боз мекунад.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2025
Вокуниши Кремл ба узвияти комили Эрон дар ИИАО
Дафтари матбуоти ҳукумат афзуд, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда, ки ба таҳкими равобити Русияву Эрон дар тамоми соҳаҳо равона шудаанд, тасдиқ карданд.
Лентаи хабарҳо
0