https://sputnik.tj/20250903/kreml-uzviyat-komil-eron-avruosiyo-1070827188.html
Вокуниши Кремл ба узвияти комили Эрон дар ИИАО
Вокуниши Кремл ба узвияти комили Эрон дар ИИАО
Sputnik Тоҷикистон
Муовини аввали раисиҷумҳури Эрон қаблан эълом карда буд, ки Теҳрон дар пайи узвияти доимӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст
2025-09-03T17:21+0500
2025-09-03T17:21+0500
2025-09-03T17:21+0500
ииао
эрон
пайвастан
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/1b/1061432606_0:93:3070:1820_1920x0_80_0_0_d518cc4a8251c67958e353d47ee4d7a7.jpg
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Кремл аз суханони муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон дар робита ба манофеи Теҳрон ба узвияти комил дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё истиқбол кард. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков дар робита ба ин тасмим чунин гуфтааст: Ба гузориши ИРНА, муовини аввали раисиҷумҳурии исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф қаблан эълом карда буд, ки Теҳрон дар пайи узвияти доимӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст. Муҳаммадризо Ориф гуфта буд, ки рушди равобит бо кишварҳои ҳамсоя, ба вижа АвруОсиё, аз авлавиятҳои Эрон аст. Ба гуфти ӯ ҳамкориҳои Эрон ва ИИАО дар як соли ахир хуб ва афзоишёбанда буд."Ҳукумати мо дар пайи муҳайё сохтани механизмҳо барои узвияти Эрон дар ин иттиҳод ҳаст, ки албатта пайвастан ба иттиҳодияҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ нисбат ба иттиҳодияҳои иқтисодӣ осонтар аст ". Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони иқтисодии байниҳукуматӣ аст, аъзоёни он Белорус, Қазоқистон, Русия, Қирғизистон ва Арманистонанд. Аъзои нозири ин иттиҳодия Эрон, Узбекистон, Молдова ва Куба мебошанд. Дар паи имзои созишномаи тиҷорати озод миёни Эрон ва ИИАО, тарафҳо боҷҳои гумрукиро барои тақрибан 87 дарсади колоҳо комилан лағв карданд.
https://sputnik.tj/20250801/sodirot-kishvarhoi-iiao-eron-afzud-1069654929.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/1b/1061432606_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_ce19a2e511a5db1a7917241b2d3a6a0b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вокуниш, кремл, узвияти эрон, ииао
вокуниш, кремл, узвияти эрон, ииао
Вокуниши Кремл ба узвияти комили Эрон дар ИИАО
Муовини аввали раисиҷумҳури Эрон қаблан эълом карда буд, ки Теҳрон дар пайи узвияти доимӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Кремл аз суханони муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон дар робита ба манофеи Теҳрон ба узвияти комил дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё истиқбол кард.
Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков дар робита ба ин тасмим чунин гуфтааст:
"Ҷониби Русия аз чунин мавқеъ истиқбол мекунад".
Ба гузориши ИРНА, муовини аввали раисиҷумҳурии исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф қаблан эълом карда буд, ки Теҳрон дар пайи узвияти доимӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст.
Муҳаммадризо Ориф гуфта буд, ки рушди равобит бо кишварҳои ҳамсоя, ба вижа АвруОсиё, аз авлавиятҳои Эрон аст.
Ба гуфти ӯ ҳамкориҳои Эрон ва ИИАО дар як соли ахир хуб ва афзоишёбанда буд.
"Ҳукумати мо дар пайи муҳайё сохтани механизмҳо барои узвияти Эрон дар ин иттиҳод ҳаст, ки албатта пайвастан ба иттиҳодияҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ нисбат ба иттиҳодияҳои иқтисодӣ осонтар аст ".
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони иқтисодии байниҳукуматӣ аст, аъзоёни он Белорус, Қазоқистон, Русия, Қирғизистон ва Арманистонанд. Аъзои нозири ин иттиҳодия Эрон, Узбекистон, Молдова ва Куба мебошанд.
Дар паи имзои созишномаи тиҷорати озод миёни Эрон ва ИИАО, тарафҳо боҷҳои гумрукиро барои тақрибан 87 дарсади колоҳо комилан лағв карданд.