https://sputnik.tj/20250923/giromidoshti-ruzi-rudaki-dushanbe-video-1071438537.html
Гиромидошти Рӯзи Рӯдакӣ дар Душанбе - видео
Гиромидошти Рӯзи Рӯдакӣ дар Душанбе - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ёдбуди Рӯдакӣ як чорабинии фарҳангию маърифатӣ баргузор шуд
2025-09-23T18:21+0500
2025-09-23T18:21+0500
2025-09-23T18:21+0500
видео
дар тоҷикистон
ҷашни рӯзи рӯдакӣ
рӯдакӣ
абуабдуллоҳ рӯдакӣ
душанбе
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/17/1071438351_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_82c9f3e8fed565898aa2b1d72dd67687.jpg
Дар Боғи фарҳангии ба номи устод Рӯдакии шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ баргузор гардид.Дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳли илму адаб, донишҷӯёну хонандагон ва дӯстдорони фарҳанг ва илму адаб ширкат намуданд.Маҳфили бахшида ба нақши Рӯдакӣ дар адабиёту таърихи форсизабонон дар Душанбе бо шумори андаке аз шоирону фарҳангиён баргузор шуд.Маълум шуд, ки Раҳмон Темур Зулфиқоровро чӣ гуна қадрдонӣ кардаастЁдовар мешавем, ки Ҳар сол 22-юми сентябр дар Тоҷикистон рӯзи гиромидошти Рӯдакӣ, Одамушшуаро ё бунёдгузори шеъри форсӣ, таҷлил мешавад.Рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон аз соли 2002 ба ин сӯ расман таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистон ба ифтихори Рӯдакӣ ноҳия ва хиёбону маҳаллаҳои зиёд номгузорӣ шудаанд.Театри Айнӣ мавсими навро бо намоиши операи "Рӯдакӣ" оғоз кард - видеоҲайкалҳои зиёди бунёдгузори шеъри форсӣ дар гӯшаҳои мухталифи кишвар поягузорӣ шудааст. Оромгоҳи ин шоир дар зодгоҳаш шаҳри Панҷакент дар шимоли Тоҷикистон аст. Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ ҷоизаи давлатӣ дорад ва ҳамчунин акси ӯ рӯйи банкноти 500 сомониро зеб медиҳад.
рӯдакӣ
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/17/1071438351_219:0:1659:1080_1920x0_80_0_0_a49f009e47d1ecfc1b1a0aa3f406aac4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, душанбе, рӯзи рӯдакӣ, гиромидошт, фарҳанг, рӯдакӣ, фарҳанг
видео, душанбе, рӯзи рӯдакӣ, гиромидошт, фарҳанг, рӯдакӣ, фарҳанг
Гиромидошти Рӯзи Рӯдакӣ дар Душанбе - видео
Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ёдбуди Рӯдакӣ як чорабинии фарҳангию маърифатӣ баргузор шуд
Дар Боғи фарҳангии ба номи устод Рӯдакии шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ баргузор гардид.
Дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳли илму адаб, донишҷӯёну хонандагон ва дӯстдорони фарҳанг ва илму адаб ширкат намуданд.
Маҳфили бахшида ба нақши Рӯдакӣ дар адабиёту таърихи форсизабонон дар Душанбе бо шумори андаке аз шоирону фарҳангиён баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки Ҳар сол 22-юми сентябр дар Тоҷикистон рӯзи гиромидошти Рӯдакӣ, Одамушшуаро ё бунёдгузори шеъри форсӣ, таҷлил мешавад.
Рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон аз соли 2002 ба ин сӯ расман таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистон ба ифтихори Рӯдакӣ ноҳия ва хиёбону маҳаллаҳои зиёд номгузорӣ шудаанд.
Ҳайкалҳои зиёди бунёдгузори шеъри форсӣ дар гӯшаҳои мухталифи кишвар поягузорӣ шудааст. Оромгоҳи ин шоир дар зодгоҳаш шаҳри Панҷакент дар шимоли Тоҷикистон аст. Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ ҷоизаи давлатӣ дорад ва ҳамчунин акси ӯ рӯйи банкноти 500 сомониро зеб медиҳад.