https://sputnik.tj/20240904/rahmon-temur-zulfiqorovro-qadrdoni-kardaast-1064195060.html
Маълум шуд, ки Раҳмон Темур Зулфиқоровро чӣ гуна қадрдонӣ кардааст
Маълум шуд, ки Раҳмон Темур Зулфиқоровро чӣ гуна қадрдонӣ кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон адиб ва драманависи маъруфи тоҷик Темур Зулфиқоровро бо Ордени Шараф дараҷаи 1 қадрдонӣ намудааст
2024-09-04T15:49+0500
2024-09-04T15:49+0500
2024-09-04T17:08+0500
дар тоҷикистон
ҷоиза
қадрдонӣ
эмомалӣ раҳмон
темур зулфиқоров
орден
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102687/36/1026873690_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_5b920ff332a870962c2693d25260c839.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии кишвар адиб ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров бо Ордени Шараф дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуд.Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ, мукофоти давлатиро ба адиби маъруф Темур Зулфиқоров муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ тақдим намуд.Ёдовар мешавем, ки дар арафаи ҷашнҳои давлатӣ намояндагони гуногункасби ҷумҳурӣ, ки дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд, бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ мегарданд.Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ аввал (солҳои 1956—1958) дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи адабии Ленинград хонда, баъдан таҳсилро дар Донишкадаи адабии ба номи Горкийи шаҳри Москва идома дода, соли 1961 онро хатм кард.Темур Зулфиқоров бо асари "Достони марги Амир Темур" (1971) ба адабиёт ворид шуд. Муаллифи беш аз 30 асари манзуму мансур аст, ки адади нашри онҳо беш аз як миллион нусха баршумурда шудааст. Романҳои Темур Зулфиқоров дар бораи Хоҷа Насриддин, Умари Хайём, Иван Грозний ва дигарон ӯро шуҳратманд кардаанд. Аз ҷумла, асари ӯ "Сафари заминӣ ва осмонии шоир" унвони "Беҳтарин романи Аврупо-93" ва ҷоизаи "Колетс"-и Британияро дарёфт кард.Асари "Тамсилҳои тиллоии Хоҷа Насриддин"-и Темур Зулфиқоров соли 2004 ҳамчун "асари ҳунарии барҷастаи адабиёти рус" сазовори ҷоизаи адабии "Ясная Поляна" ва асари дигари ӯ — "Афъимори марҷонӣ" соҳиби унвони "Китоби беҳтарини сол" (2005) шуда, барои беҳтарин филмнома соли 1991 сазовори ҷоизаи "Ҳортли-Меррилл" (Ҳолливуд) гардид.
https://sputnik.tj/20240904/rahmon-nizomiyon-kormandoni-hifzi-huquq-mukofot-rutbahoi-harbi-1064193961.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102687/36/1026873690_139:0:2806:2000_1920x0_80_0_0_ea12badafab0ba6e244b08bc4cf01b56.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, темур зулфиқоров, ҷоиза, орден, қадрдонӣ, эмомалӣ раҳмон
тоҷикистон, темур зулфиқоров, ҷоиза, орден, қадрдонӣ, эмомалӣ раҳмон
Маълум шуд, ки Раҳмон Темур Зулфиқоровро чӣ гуна қадрдонӣ кардааст
15:49 04.09.2024 (Навсозишуда: 17:08 04.09.2024) Раисҷумҳури Тоҷикистон адиб ва драманависи маъруфи тоҷик Темур Зулфиқоровро бо Ордени Шараф дараҷаи 1 қадрдонӣ намудааст
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии кишвар адиб ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров бо Ордени Шараф дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуд.
Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, мукофоти давлатиро ба адиби маъруф Темур Зулфиқоров муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ тақдим намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар арафаи ҷашнҳои давлатӣ намояндагони гуногункасби ҷумҳурӣ, ки дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд, бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ мегарданд.
Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ аввал (солҳои 1956—1958) дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи адабии Ленинград хонда, баъдан таҳсилро дар Донишкадаи адабии ба номи Горкийи шаҳри Москва идома дода, соли 1961 онро хатм кард.
Темур Зулфиқоров бо асари "Достони марги Амир Темур" (1971) ба адабиёт ворид шуд. Муаллифи беш аз 30 асари манзуму мансур аст, ки адади нашри онҳо беш аз як миллион нусха баршумурда шудааст. Романҳои Темур Зулфиқоров дар бораи Хоҷа Насриддин, Умари Хайём, Иван Грозний ва дигарон ӯро шуҳратманд кардаанд. Аз ҷумла, асари ӯ "Сафари заминӣ ва осмонии шоир" унвони "Беҳтарин романи Аврупо-93" ва ҷоизаи "Колетс"-и Британияро дарёфт кард.
Асари "Тамсилҳои тиллоии Хоҷа Насриддин"-и Темур Зулфиқоров соли 2004 ҳамчун "асари ҳунарии барҷастаи адабиёти рус" сазовори ҷоизаи адабии "Ясная Поляна" ва асари дигари ӯ — "Афъимори марҷонӣ" соҳиби унвони "Китоби беҳтарини сол" (2005) шуда, барои беҳтарин филмнома соли 1991 сазовори ҷоизаи "Ҳортли-Меррилл" (Ҳолливуд) гардид.