Театри Айнӣ мавсими навро бо намоиши операи "Рӯдакӣ" оғоз кард - видео

Обуна шудан
Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ мавсими 87-уми театрӣ бо операи "Рӯдакӣ" оғоз гардид
Дар Театри ба номи Садриддин Айнӣ Операи Шарофиддин Сайфиддинов "Рӯдакӣ"-ро коргардон Сӯҳроб Усмонов бо назари нав пешкаши тамошобин намудааст
Дар намоишнома порчаҳо аз дастнависе дохил шудаанд, ки то ҳол касе надида буд.
Рақсҳои ҷаззоб, ҳунарнамоии ҷаззоби ҳунармандон ва беҳтарин лаҳзаҳои намоишномаро аз видео хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бубинед.
Тоҷикистону Русия дар бораи намои театри Маяковский дар Душанбе ба мувофиқа расиданд
Бояд гуфт, ки намоиш аз соли 1976, ки аввалин бор рӯйи саҳна омада буд, аз ҷониби тамошобинон хуб қабул гардид.
Дар назар аст намоиши нави операи "Рӯдакӣ" аз 22 то 26 сентябр дар шаҳри Хуҷанд манзури тамошобинон гардад.
Ёдовар мешавем, ки нахустнамоиши операи "Рӯдакӣ" дар таҳияи нав ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Рӯдакӣ (22 сентябр) ва 95-солагии Шарофиддин Сайфиддинов бахшида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0