https://sputnik.tj/20250903/dushanbe-portal-sayyohi-1070824056.html
Сайёҳати бароҳат: Дар Душанбе портали сайёҳӣ рӯнамоӣ шуд
Сайёҳати бароҳат: Дар Душанбе портали сайёҳӣ рӯнамоӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Портал дар бораи осорхонаҳо, боғҳо ва маконҳои фароғатии шаҳр, инчунин дигар маълумотхои муфидро барои сайёҳон пешкаш мекунад
2025-09-03T14:03+0500
2025-09-03T14:03+0500
2025-09-03T16:45+0500
сайёҳӣ
портали интернетӣ
торнома
душанбе
сайёҳат
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/03/1070824278_0:0:1967:1106_1920x0_80_0_0_781bdd25fd10b2e67fc5ecc5e440809a.jpg
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Дар Душанбе маросими муаррифӣ ва ифтитоҳи портали сайёҳии Душанбе баргузор шуд. Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Рустам Холматиён ва муовини аввали раиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҳаким Исмоилзода ширкат доштанд.Одилзода қайд кард, ки Душанбе "дарвоза"-и асосӣ барои сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, маҳсуб мешавад. Ба гуфтаи вай, инфрасохтори шаҳр ба талаботи замон пурра ҷавобгӯ буда, шумораи зиёди меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, боғҳо, иншооти варзишӣ, фазои амн барои сайёҳон фароҳам оварда шудааст. Ӯ афзуд, ки сайёҳӣ ба рушди иқтисод мусоидат намуда, хориҷиёнро бо фарҳанг, таърих ва анъанаҳои ҷумҳурӣ ошно месозад.Портали сайёҳии Dushanbe travelТорномаи интернетии сайёҳии Душанбе дар суроғаи dushanbe-travel.tj ҷойгир буда, дар он маълумот ба се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод шудааст.Ҳамчунин, дар шабакаҳои иҷтимоии аз ҷумла VK, TikTok ва мессенҷери Telegram саҳифаҳои расмии Душанбе.Travel мавҷуданд, ки дар онҳо маълумот дар бораи имкониятҳои сайёҳии пойтахт мунтазам нашр мешавад. Дар сайт сайёҳон метавонанд дар бораи ҷойҳои ҷолиби пойтахт, аз ҷумла осорхонаҳо, боғҳо, марказҳои фарҳангӣ, инчунин меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, бозорҳо ва марказҳои савдо, хадамоти таксӣ маълумот пайдо кунанд. Ба сайёҳон дар бораи ҷойгиршавии чархофалакҳо ва дигар объектҳо дар харитаи шаҳри Душанбе, соатҳои кори онҳо ва телефонҳои тамос маълумот дода мешавад. Илова бар ин, дар портал дар бораи таърихи Душанбе, рӯйдодҳои фарҳангии дарпешистода, бахусус консерту намоишгоҳҳо, инчунин хабарҳои соҳаи сайёҳӣ ҷой дода шудааст.
https://sputnik.tj/20250825/ahmadzoda-toza-nigoh-doshtani-mavzehoi-sayyohi-purzur-1070382982.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/03/1070824278_195:0:1772:1183_1920x0_80_0_0_1b089cf49535664bb87779c3df971d1a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, портали сайёҳӣ,
Сайёҳати бароҳат: Дар Душанбе портали сайёҳӣ рӯнамоӣ шуд
14:03 03.09.2025 (Навсозишуда: 16:45 03.09.2025) Портал дар бораи осорхонаҳо, боғҳо ва маконҳои фароғатии шаҳр, инчунин дигар маълумотхои муфидро барои сайёҳон пешкаш мекунад
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Дар Душанбе маросими муаррифӣ ва ифтитоҳи портали сайёҳии Душанбе баргузор шуд.
Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Рустам Холматиён ва муовини аввали раиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҳаким Исмоилзода ширкат доштанд.
Одилзода қайд кард, ки Душанбе "дарвоза"-и асосӣ барои сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, маҳсуб мешавад.
Ба гуфтаи вай, инфрасохтори шаҳр ба талаботи замон пурра ҷавобгӯ буда, шумораи зиёди меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, боғҳо, иншооти варзишӣ, фазои амн барои сайёҳон фароҳам оварда шудааст.
"Сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ буда, барои Тоҷикистон нақши муҳим дорад", - таъкид кард Одилзода.
Ӯ афзуд, ки сайёҳӣ ба рушди иқтисод мусоидат намуда, хориҷиёнро бо фарҳанг, таърих ва анъанаҳои ҷумҳурӣ ошно месозад.
Портали сайёҳии Dushanbe travel
Торномаи интернетии сайёҳии Душанбе дар суроғаи dushanbe-travel.tj ҷойгир буда, дар он маълумот ба се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод шудааст.
Ҳамчунин, дар шабакаҳои иҷтимоии аз ҷумла VK, TikTok ва мессенҷери Telegram саҳифаҳои расмии Душанбе.Travel мавҷуданд, ки дар онҳо маълумот дар бораи имкониятҳои сайёҳии пойтахт мунтазам нашр мешавад.
Дар сайт сайёҳон метавонанд дар бораи ҷойҳои ҷолиби пойтахт, аз ҷумла осорхонаҳо, боғҳо, марказҳои фарҳангӣ, инчунин меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, бозорҳо ва марказҳои савдо, хадамоти таксӣ маълумот пайдо кунанд.
Ба сайёҳон дар бораи ҷойгиршавии чархофалакҳо ва дигар объектҳо дар харитаи шаҳри Душанбе, соатҳои кори онҳо ва телефонҳои тамос маълумот дода мешавад.
Илова бар ин, дар портал дар бораи таърихи Душанбе, рӯйдодҳои фарҳангии дарпешистода, бахусус консерту намоишгоҳҳо, инчунин хабарҳои соҳаи сайёҳӣ ҷой дода шудааст.