https://sputnik.tj/20250828/safari-gardishgar-tojikistoni-uzbekiston-1070505232.html
Сафари наздик ба 1,5 миллион гардишгари тоҷикистонӣ ба Узбекистон
Сафари наздик ба 1,5 миллион гардишгари тоҷикистонӣ ба Узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти кишвари ҳамсоя хабар додааст, ки аз моҳи январ то моҳи июли соли равон ба Узбекистон наздик ба 1,5 миллион шаҳрванди Тоҷикистон сафар карданд
2025-08-28T10:49+0500
2025-08-28T10:49+0500
2025-08-28T10:49+0500
дар тоҷикистон
узбекистон
сайёҳӣ
гардишгарӣ
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/03/1056837209_0:126:3193:1922_1920x0_80_0_0_a2a8fba358d313430d2c4b4bb8a16fa5.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Дар моҳҳои январ-июли соли равон 1 миллиону 441,6 ҳазор нафар сайёҳони тоҷикистонӣ аз Узбакистон дидан кардаанд.Дар ин бора Агентии миллии омори Узбекистон хабар додааст.Ба ин тартиб, Тоҷикистон аз рӯи шумораи сайёҳон дар ин давра дар ҷойи сеюм қарор дорад.Ба панҷгонаи аввали феҳрист Қирғизистон (1 миллиону 846 ҳазор), Қазоқистон (1 миллиону 466,5 ҳазор), Тоҷикистон (1 миллиону 441,6 ҳазор), Русия (536,8 ҳазор) ва Афғонистон (267,4 ҳазор) дохил шуданд.Дар маҷмӯъ дар 7 моҳи соли равон аз Узбекистон 6,3 миллион сайёҳи хориҷӣ дидан кардаанд. Ин рақам дар муқойиса бо ҳамин давраи соли гузашта 48,9% зиёдтар будааст.Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2025 аз Тоҷикистон беш аз 925,7 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ дидан кардаанд.Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 177,4 ҳазор нафар ё 23,7% зиёд мебошад.Аз ин шумора 850,6 ҳазор нафар ё 91,9% аз кишварҳои ИДМ омадаанд, ки 699,4 нафарашон махсус барои сайёҳӣ омадаанд.Узбекистон аз рӯи шумораи сафари сайёҳон ба Тоҷикистон пешсаф аст ва Русия дар ин раддабандӣ дар ҷои дувум ва Қирғизистон дар ҷои севум қарор дорад.Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 214 ширкати сайёҳӣ ба хидматрасонии гардишгарӣ сарукор доранд.Дар умум дар кишвар 338 объект сабт шудааст, ки ба сайёҳон хидматрасонӣ мекунад.Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисоди мамлакат ба ҳисоб рафта, солҳои охир ин соҳа босуръат рушд менамояд.Ҷолибтарин маконҳои Тоҷикистон барои сайёҳон шоҳроҳи Помир, Осорхонаи миллӣ дар Душанбе, Қалъаи Ҳисор, кӯҳҳои Фон, Искандаркӯл ва ғайра, мебошанд.
https://sputnik.tj/20250825/ahmadzoda-toza-nigoh-doshtani-mavzehoi-sayyohi-purzur-1070382982.html
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/03/1056837209_232:0:2963:2048_1920x0_80_0_0_866246ad0bf218694de50231ff4db9c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, узбекистон, сайёҳӣ, гардишгарӣ, омор, сафар
тоҷикистон, узбекистон, сайёҳӣ, гардишгарӣ, омор, сафар
Сафари наздик ба 1,5 миллион гардишгари тоҷикистонӣ ба Узбекистон
Мақомоти кишвари ҳамсоя хабар додааст, ки аз моҳи январ то моҳи июли соли равон ба Узбекистон наздик ба 1,5 миллион шаҳрванди Тоҷикистон сафар карданд
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Дар моҳҳои январ-июли соли равон 1 миллиону 441,6 ҳазор нафар сайёҳони тоҷикистонӣ аз Узбакистон дидан кардаанд.
Дар ин бора Агентии миллии омори Узбекистон хабар додааст.
Ба ин тартиб, Тоҷикистон аз рӯи шумораи сайёҳон дар ин давра дар ҷойи сеюм қарор дорад.
Ба панҷгонаи аввали феҳрист Қирғизистон (1 миллиону 846 ҳазор), Қазоқистон (1 миллиону 466,5 ҳазор), Тоҷикистон (1 миллиону 441,6 ҳазор), Русия (536,8 ҳазор) ва Афғонистон (267,4 ҳазор) дохил шуданд.
Дар маҷмӯъ дар 7 моҳи соли равон аз Узбекистон 6,3 миллион сайёҳи хориҷӣ дидан кардаанд. Ин рақам дар муқойиса бо ҳамин давраи соли гузашта 48,9% зиёдтар будааст.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2025 аз Тоҷикистон беш аз 925,7 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ дидан кардаанд.
Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 177,4 ҳазор нафар ё 23,7% зиёд мебошад.
Аз ин шумора 850,6 ҳазор нафар ё 91,9% аз кишварҳои ИДМ омадаанд, ки 699,4 нафарашон махсус барои сайёҳӣ омадаанд.
Узбекистон аз рӯи шумораи сафари сайёҳон ба Тоҷикистон пешсаф аст ва Русия дар ин раддабандӣ дар ҷои дувум ва Қирғизистон дар ҷои севум қарор дорад.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 214 ширкати сайёҳӣ ба хидматрасонии гардишгарӣ сарукор доранд.
Дар умум дар кишвар 338 объект сабт шудааст, ки ба сайёҳон хидматрасонӣ мекунад.
Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисоди мамлакат ба ҳисоб рафта, солҳои охир ин соҳа босуръат рушд менамояд.
Ҷолибтарин маконҳои Тоҷикистон барои сайёҳон шоҳроҳи Помир, Осорхонаи миллӣ дар Душанбе, Қалъаи Ҳисор, кӯҳҳои Фон, Искандаркӯл ва ғайра, мебошанд.