https://sputnik.tj/20250919/afzoishi-sarshumori-hayvonoti-nodir-dar-tojikiston--1071320012.html
Афзоиши саршумори ҳайвоноти нодир дар Тоҷикистон
Афзоиши саршумори ҳайвоноти нодир дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳудуди Тоҷикистон давоми 10 соли охир тибқи ҳисоботи коршиносони ватанию хориҷӣ саршумори ҳайвоноти нодир афзоиш ёфтааст
2025-09-19T12:12+0500
2025-09-19T12:12+0500
2025-09-19T12:22+0500
дар тоҷикистон
ҳайвонот
ҷонварони нодир
муҳити зист
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0b/1049126962_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_a87950823ae9dcd2513cf70952ece4a2.jpg
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон дар давоми 10 соли охир саршумори ҳайвоноти нодир аз ҷумла морхӯр аз 1900 ба 6827 сар, Марко Поло аз 20 ҳазору 419 ба 29 ҳазору 43 сар ва бабри барфӣ аз 350 ба 500 сар афзоиш ёфтааст.Ин Агентӣ қайд кардааст, ки соли 2023 бо пешниҳоди Тоҷикистон Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ки тибқи он ҳар сол 24 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии морхӯр ҷашн гирифта мешавад.Ахиран Президенти Тоҷикистон зимни мулоқот кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои дақиқ муайян намудани раванди зиёдшавии ҳайвоноти нодир дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла бабри барфӣ, морхӯр ва архар ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ва Академияи миллии илмҳо супориш дод, ки дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат баҳисобгирии воқеии ин ҳайвоноти нодирро анҷом додиҳанд.Вай дастур дод, ки аз натиҷаи он ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод гардад.Ҳамчунин ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ супориш дода шуд, ки дар асоси маълумоти Китоби сурх дар самти барқарору афзун намудани саршумори ҳайвоноти нодир ва захираи олами наботот ба таври самаранок фаъолият намоянд.
https://sputnik.tj/20250917/iftitohi-bino-kumitai-hifzi-muhiti-zist-dushanbe-rahmon-1071263795.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0b/1049126962_238:0:2969:2048_1920x0_80_0_0_73b47ffe104b62962b654ca8c65a6f44.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, омор, ҳайвоноти нодир, саршумор, муҳити зист
тоҷикистон, омор, ҳайвоноти нодир, саршумор, муҳити зист
Афзоиши саршумори ҳайвоноти нодир дар Тоҷикистон
12:12 19.09.2025 (Навсозишуда: 12:22 19.09.2025) Дар ҳудуди Тоҷикистон давоми 10 соли охир тибқи ҳисоботи коршиносони ватанию хориҷӣ саршумори ҳайвоноти нодир афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон дар давоми 10 соли охир саршумори ҳайвоноти нодир аз ҷумла морхӯр аз 1900 ба 6827 сар, Марко Поло аз 20 ҳазору 419 ба 29 ҳазору 43 сар ва бабри барфӣ аз 350 ба 500 сар афзоиш ёфтааст.
Ин Агентӣ қайд кардааст, ки соли 2023 бо пешниҳоди Тоҷикистон Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ки тибқи он ҳар сол 24 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии морхӯр ҷашн гирифта мешавад.
Ахиран Президенти Тоҷикистон зимни мулоқот кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои дақиқ муайян намудани раванди зиёдшавии ҳайвоноти нодир дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла бабри барфӣ, морхӯр ва архар ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ва Академияи миллии илмҳо супориш дод, ки дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат баҳисобгирии воқеии ин ҳайвоноти нодирро анҷом додиҳанд.
Вай дастур дод, ки аз натиҷаи он ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод гардад.
Ҳамчунин ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ супориш дода шуд, ки дар асоси маълумоти Китоби сурх дар самти барқарору афзун намудани саршумори ҳайвоноти нодир ва захираи олами наботот ба таври самаранок фаъолият намоянд.