https://sputnik.tj/20250917/iftitohi-bino-kumitai-hifzi-muhiti-zist-dushanbe-rahmon-1071263795.html
Ифтитоҳи бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар Душанбе: Раҳмон шахсан ба истифода дод
Ифтитоҳи бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар Душанбе: Раҳмон шахсан ба истифода дод
Sputnik Тоҷикистон
Бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қомат афрохтааст
2025-09-17T12:09+0500
2025-09-17T12:09+0500
2025-09-17T12:56+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
душанбе
бино
ифтитоҳ
муҳити зист
кумитаи ҳифзи муҳити зист
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/11/1071261407_0:0:2048:1151_1920x0_80_0_0_55df41a82a595ee1123d3bfb5b79954c.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зистро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст бинои маъмурӣ аз 9 ошёна иборат мебошад, дар он ғайр аз ҳуҷраҳои корӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи муҳити зист ва дигар ташкилоту муассисаҳои зерсохтори Кумита, ки қаблан дар дигар ҷойҳо фаъолият доштанд, ҷойгир карда шудааст.Дар бинои нав Маркази нави рақамикунонӣ ва инноватсионӣ таъсис доджа шудааст.Дар ин Марказ Эмомалӣ Раҳмон бо Барномаи рақамикунонии муҳити зист, ки бо истифода аз зеҳни сунъӣ идора карда мешавад, шинос шуд.Дар маркази номбурда, ҳамзамон, бахши рақамикунонӣ, мониторинги сабзиши дарахтон, назорати партовгоҳҳо, вазъи обу ҳаво, муайяннамоии мавзеи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо истифода аз аксҳои моҳворавӣ ва дигар бахшҳо ҷой дода шуда, барномасозону мутахассисони ботаҷриба дар маркази мазкур ба кор ҷалб гардидаанд.Иттиоъ дода шуд, ки Маркази рақамикунонӣ ва инноватсионӣ толори махсус ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ ташкил карда шудааст ва бо истифода аз он мутахассисони ботаҷриба ва сармутахассисони соҳавии Кумита зимни баргузории амалиёти гуногуни назорати давлатӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба нозирони минтақаҳои гуногуни кишвар ба таври фосилавӣ тавсияву машваратҳо медиҳанд.Ҳамчунин Президенти кишвар баъди ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносиро, ки дар шакли кампус бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Иншооти хизматӣ аз ду бинои 11-ошёна, кӯдакистон, майдони варзишӣ, ду майдончаи бозии кӯдакон, маркази хизматрасонӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 1,26 га дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бунёд ёфтааст.Дар иншооти мазкур 120 оилаи кормандони соҳа соҳиби манзили истиқоматӣ гардиданд ва дар як вақт фарзандони онҳо метавонанд ба таълим дар муассисаи томактабӣ фаро гирифта шаванд.
https://sputnik.tj/20250911/emomali-rahmon-khovaling-safar-1071070645.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/11/1071261407_102:0:1922:1365_1920x0_80_0_0_6eee0c2f7fed3eeea4796476a5de9ced.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кумитаи ҳифзи муҳити зист, бино, ифтитоҳ, эмомалӣ раҳмон
тоҷикистон, кумитаи ҳифзи муҳити зист, бино, ифтитоҳ, эмомалӣ раҳмон
Ифтитоҳи бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар Душанбе: Раҳмон шахсан ба истифода дод
12:09 17.09.2025 (Навсозишуда: 12:56 17.09.2025) Бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қомат афрохтааст
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зистро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст бинои маъмурӣ аз 9 ошёна иборат мебошад, дар он ғайр аз ҳуҷраҳои корӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи муҳити зист ва дигар ташкилоту муассисаҳои зерсохтори Кумита, ки қаблан дар дигар ҷойҳо фаъолият доштанд, ҷойгир карда шудааст.
Дар бинои нав Маркази нави рақамикунонӣ ва инноватсионӣ таъсис доджа шудааст.
Дар ин Марказ Эмомалӣ Раҳмон бо Барномаи рақамикунонии муҳити зист, ки бо истифода аз зеҳни сунъӣ идора карда мешавад, шинос шуд.
Дар маркази номбурда, ҳамзамон, бахши рақамикунонӣ, мониторинги сабзиши дарахтон, назорати партовгоҳҳо, вазъи обу ҳаво, муайяннамоии мавзеи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо истифода аз аксҳои моҳворавӣ ва дигар бахшҳо ҷой дода шуда, барномасозону мутахассисони ботаҷриба дар маркази мазкур ба кор ҷалб гардидаанд.
Иттиоъ дода шуд, ки Маркази рақамикунонӣ ва инноватсионӣ толори махсус ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ ташкил карда шудааст ва бо истифода аз он мутахассисони ботаҷриба ва сармутахассисони соҳавии Кумита зимни баргузории амалиёти гуногуни назорати давлатӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба нозирони минтақаҳои гуногуни кишвар ба таври фосилавӣ тавсияву машваратҳо медиҳанд.
Ҳамчунин Президенти кишвар баъди ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносиро, ки дар шакли кампус бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Иншооти хизматӣ аз ду бинои 11-ошёна, кӯдакистон, майдони варзишӣ, ду майдончаи бозии кӯдакон, маркази хизматрасонӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 1,26 га дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бунёд ёфтааст.
Дар иншооти мазкур 120 оилаи кормандони соҳа соҳиби манзили истиқоматӣ гардиданд ва дар як вақт фарзандони онҳо метавонанд ба таълим дар муассисаи томактабӣ фаро гирифта шаванд.