https://sputnik.tj/20250918/bonki-milli-furushi-asor-yagon-mahdudiyat-1071284850.html
Бонки миллӣ: Дар фурӯши асъор ягон маҳдудият нест
Бонки миллӣ: Дар фурӯши асъор ягон маҳдудият нест
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон ахиран хабар додааст, ки фурӯши асъори хориҷӣ дар доираи қонунгузорӣ амалӣ шуда, ягон маҳдудият ҷорӣ карда нашудааст
2025-09-18T10:49+0500
2025-09-18T10:49+0500
2025-09-18T11:11+0500
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
доллар
таъмин кардан
молия
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102978/74/1029787410_1:0:3000:1687_1920x0_80_0_0_8b8e39a5ef333ea96f7a45cbe7fa9dd0.jpg
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бонки миллӣ дар сомонаи худ хабар додааст, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ асъори нақдро барои фурӯш ба шахсони воқеӣ аз хориҷа ва бозори дохилӣ дастрас мекунанд.Қайд карда шудааст, ки барои таъмини ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо доллари нақд аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ягон намуд маҳдудият ҷорӣ нашуда, баръакс талаботи ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар асоси дархостҳои пешниҳодшуда пурра ва сари вақт қонеъ гардонида мешавад.Масъулини БМТ зикр кардаанд, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳамарӯза вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии воҳидҳои сохтории худ, ҳаҷми талабот ба асъор ва имкониятҳояшон асъори нақдро барои фурӯш ба муштариён ҷудо мекунанд.Гуфта шудааст, ки барои маълумот, дар моҳҳои январ – августи соли равон асъори нақди барои аҳолӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷудошуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 зиёд мебошад.“Норасоии муваққатии асъор метавонад танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ, аз қабили ба итмом расидани асъори нақди ҷудошуда дар хазина дар натиҷаи фурӯши он, инчунин дар вақти муайяншуда ирсол нагардидани асъори нақди барои фурӯш ҷудогардида ба воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба миён ояд, вале ҳолати мазкур вазъияти бозорро пурра инъикос намекунад” - таъкид кардааст БМТ.Бонки миллии Тоҷикистон ёдовар шудааст, ки дар тамоми хазинаҳои бонкҳо ва воҳидҳои сохтории онҳо телефони боварии БМТ барои қабули арзу шикоятҳо мавҷуд буда, шаҳрвандон метавонанд бевосита шикоят баранд.
https://sputnik.tj/20241016/jomea-briks-bartariyat-dollarro-barham-medihad-1064733510.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102978/74/1029787410_376:0:2625:1687_1920x0_80_0_0_fa0f3a77d7527f2e2a2b312730e8817e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бмт, бонки миллӣ, иқтисод, молия, доллар, камбуд, асъор, тоҷикистон
бмт, бонки миллӣ, иқтисод, молия, доллар, камбуд, асъор, тоҷикистон
Бонки миллӣ: Дар фурӯши асъор ягон маҳдудият нест
10:49 18.09.2025 (Навсозишуда: 11:11 18.09.2025) Бонки миллии Тоҷикистон ахиран хабар додааст, ки фурӯши асъори хориҷӣ дар доираи қонунгузорӣ амалӣ шуда, ягон маҳдудият ҷорӣ карда нашудааст
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бонки миллӣ дар сомонаи худ хабар додааст, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ асъори нақдро барои фурӯш ба шахсони воқеӣ аз хориҷа ва бозори дохилӣ дастрас мекунанд.
“Бонки миллии Тоҷикистон низ тибқи тартиби муқарраршуда талаботи ташкилотҳои қарзии молиявиро бо доллари нақд дар асоси дархости расмии онҳо таъмин менамояд”, - қайд кардааст бонки танзимгар.
Қайд карда шудааст, ки барои таъмини ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо доллари нақд аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ягон намуд маҳдудият ҷорӣ нашуда, баръакс талаботи ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар асоси дархостҳои пешниҳодшуда пурра ва сари вақт қонеъ гардонида мешавад.
“Вобаста ба фурӯши асъор аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба муштариён низ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ягон маҳдудият ё талаботи иловагӣ ҷорӣ карда нашудааст”, - таъкид кардааст ин ниҳоди молиявӣ.
Масъулини БМТ зикр кардаанд, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳамарӯза вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии воҳидҳои сохтории худ, ҳаҷми талабот ба асъор ва имкониятҳояшон асъори нақдро барои фурӯш ба муштариён ҷудо мекунанд.
Гуфта шудааст, ки барои маълумот, дар моҳҳои январ – августи соли равон асъори нақди барои аҳолӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷудошуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 зиёд мебошад.
“Норасоии муваққатии асъор метавонад танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ, аз қабили ба итмом расидани асъори нақди ҷудошуда дар хазина дар натиҷаи фурӯши он, инчунин дар вақти муайяншуда ирсол нагардидани асъори нақди барои фурӯш ҷудогардида ба воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба миён ояд, вале ҳолати мазкур вазъияти бозорро пурра инъикос намекунад” - таъкид кардааст БМТ.
Бонки миллии Тоҷикистон ёдовар шудааст, ки дар тамоми хазинаҳои бонкҳо ва воҳидҳои сохтории онҳо телефони боварии БМТ барои қабули арзу шикоятҳо мавҷуд буда, шаҳрвандон метавонанд бевосита шикоят баранд.