Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Мулоқоти Путин ва Зеленский метавонад натиҷаи манфӣ дошта бошад: сиёсатмадор

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкФлаги России и Украины. Архивное фото
Флаги России и Украины. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2025
Обуна шудан
Ерхов гуфт, ки мулоқоти Путин ва Зеленский бояд хуб омода карда шавад
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Мулоқоти эҳтимолии Владимир Путин ва Владимир Зеленский, бояд омодагии хуб дошта бошад, он бояд ба натиҷаҳои мусбӣ расонад, вагарна ин мулоқот хатари натиҷаи манфиро хоҳад дошт.
Дар ин бора, сафири Русия Алексей Ерхов, ки миссияи дипломатии худро дар Туркия анҷом дода, рӯзи 5 сентябр бо фаромни президент сафир дар Узбекистон таъин шуд, гуфтааст.
"Ҷанбаи муҳими дигаре ҳаст - ин мулоқоти эҳтимолии Владимир Владимирович Путин ва Владимир Зеленский аст, ки ҳафтаҳои охир дар бораи он зиёд ҳарф мезананд", - гуфтааст ӯ.
Ӯ таъкид карда, ки бо вуҷуди зери суол будани мақоми қонунии ҳукумати феълии Киев ва пеш аз ҳама худи Зеленский, Русия ҳеҷ гоҳ аз дидор бо ӯ даст накашидааст.
"Бо дарки он, ки ин дидор хуб омода шуда бошад ва ба натиҷаҳои мусбӣ бирасонад, дар акси ҳол вай хатари натиҷаи манфиро хоҳад дошт. Инро чанд рӯз пеш худи Владимир Владимирович Путин бори дигар тасдиқ кард", - гуфт Ерхов дар мусоҳиба бо рӯзномаи туркии Hurriyet.
Ба гуфтаи вай, дар нишасти сарони давлатҳо бояд як созиши воқеӣ ва дарозмуддат ба даст ояд, ки параметрҳои он танҳо натиҷаи заҳмати музокирачиён буда метавонад.
"Ин маҳз ҳамон чизест, ки ҳамеша дар муносибатҳои байналмилалӣ рух медиҳад", - афзуд дипломат.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Владимир Зеленский пешниҳоди президенти Русия Владимир Путинро дар бораи омадан ба Маскав рад кард.
Президент РФ Владимир Путин на пленарной сессии Восточного экономического форума. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин макони баргузории нишасти Русия ва Украинаро муайян кард
Ӯ иддао дорад, ки гӯё барои мулоқот дар ҳама шакл омода аст, вале ба Маскав рафта наметавонад.
Путин борҳо омодагии худро барои мулоқот бо Зеленский изҳор доштааст. Як рӯз пеш дар нишасти Форуми иқтисодии Шарқӣ ин нуктаро бори дигар тасдиқ кард ва раиси режими Киевро ба Маскав даъват кард ва қайд кард, ки ҷониби Русия тамоми шароитро барои кор ва амният фароҳам меорад.
Ҳанӯз дар моҳи июн Путин гуфта буд, ки Русия фарқ намегузорад, ки музокираҳоро аз номи Киев кӣ анҷом медиҳад, аммо дар марҳалаи ниҳоӣ аснод, бояд аз ҷониби мақомоти қонунӣ имзо шавад.
Муҳлати раёсати Зеленский 20 майи соли гузашта ба поён расид. Интихоботи соли 2024 дар Украина бо баҳонаи вазъи ҳарбӣ ва сафарбаркунии умумӣ лағв шуд.
Дар навбати худ котиби матбуотии президент Дмитрий Песков тавзеҳ дод, ки Зеленский ба пойтахт барои музокира даъват шудааст ва барои таслимшавӣ.
Владимир Зеленский выступает в парке Лафайет напротив Белого дома после встречи с президентом Дональдом Трампом. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зеленский аз рафтан ба Маскав худдорӣ кард
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0