https://sputnik.tj/20250905/putin-makon-nishast-rusiya-ukraina-1070903017.html
Путин макони баргузории нишасти Русия ва Украинаро муайян кард
Путин макони баргузории нишасти Русия ва Украинаро муайян кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Русия таъкид кард, ки амнияти Украина наметавонад аз ҳисоби амнияти Русия таъмин шавад
2025-09-05T12:37+0500
2025-09-05T12:37+0500
2025-09-05T12:37+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
владимир путин
украина
владимир зеленский
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/05/1070899180_0:0:3138:1765_1920x0_80_0_0_ba0ed5f42303213a9f418c8a569028ea.jpg
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Маскав - беҳтарин макон барои мулоқоти Русия ва Украина аст. Дар ин бора кишвардори Русия Владимир Путин зимни нишасти пленарии Форуми иқтисодии Шарқӣ (ФИШ - 2025) изҳор дошт. Вай инчунин пешниҳоди Киевро барои пешниҳоди макони музокирот аз ҷониби онҳо, дархостҳои аз ҳад зиёд гуфт."Агар онҳо ба мо гӯянд, ки мо бо шумо мехоҳем мулоқот кунем, хуб, шумо барои ин мулоқот ба он ҷо равед. Ба назари ман, ин дархостҳои аз ҳад зиёд аст", — қайд кард Путин. Гумон аст, ки Киев барои созиш дар ин росто, иродаи сиёсӣ надорад, таъкид кард ӯ. Раҳбари Русия дар бораи масоили амниятӣ низ изҳори назар кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳар як кишвар ҳақ дорад дар бахши амният интихоб кунад, аммо на аз ҳисоби кишвари дигар. Вай инчунин ёдовар шуд, ки Русия ҳеҷ гоҳ ба ҳамгироии Украина дар самти Аврупо эътироз накардааст. Дар ҳамин ҳол, пас аз ҳосил шудани созишҳои дарозмуддати сулҳ зарурати истиқрори нерӯҳои ғарбӣ дар қаламрави Украина боқӣ нахоҳад монд, гуфт президент.Форуми иқтисодии Шарқӣ (ФИШ-2024) дар кампуси Донишгоҳи федеролии Шарқи Дур дар ҷазираи Русский дар Владивосток рӯзи чаҳоршанбеи 3 сентябр оғоз шуд ва то 6 сентябр идома хоҳад кард.Ин форум барои даҳумин бор баргузор мешавад. Мавзуи асосии чорабинӣ имсол "Шарқи Дур — ҳамкорӣ баҳри сулҳу амонӣ" буд.
https://sputnik.tj/20250905/sukhanroni-putin-forum-iqtisodi-sharqi-video-1070878010.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/05/1070899180_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_cc9f1493d1d3bf30082f208eb28a6a15.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, нишасти русия, украина
путин, нишасти русия, украина
Путин макони баргузории нишасти Русия ва Украинаро муайян кард
Раисиҷумҳури Русия таъкид кард, ки амнияти Украина наметавонад аз ҳисоби амнияти Русия таъмин шавад
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Маскав - беҳтарин макон барои мулоқоти Русия ва Украина аст.
Дар ин бора кишвардори Русия Владимир Путин зимни нишасти пленарии Форуми иқтисодии Шарқӣ (ФИШ - 2025) изҳор дошт.
"Агар касе воқеан мехоҳад бо мо мулоқот кунад, мо омодаем. Беҳтарин ҷой барои ин пойтахти Русия, шаҳри қаҳрамони Маскав аст", - гуфт раҳбари Русия.
Вай инчунин пешниҳоди Киевро барои пешниҳоди макони музокирот аз ҷониби онҳо, дархостҳои аз ҳад зиёд гуфт.
"Агар онҳо ба мо гӯянд, ки мо бо шумо мехоҳем мулоқот кунем, хуб, шумо барои ин мулоқот ба он ҷо равед. Ба назари ман, ин дархостҳои аз ҳад зиёд аст", — қайд кард Путин.
Гумон аст, ки Киев барои созиш дар ин росто, иродаи сиёсӣ надорад, таъкид кард ӯ.
Раҳбари Русия дар бораи масоили амниятӣ низ изҳори назар кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳар як кишвар ҳақ дорад дар бахши амният интихоб кунад, аммо на аз ҳисоби кишвари дигар.
"Ҳарчанд ҳар кишвар ҳаққи интихоби таъмини амнияти худро дорад, аммо ин гуна масоил бидуни таваҷҷуҳ ба амнияти худи Русия ҳал намешавад. Қоидаи умумӣ дар асноди аврупоӣ баён ва сабт шудааст: амнияти як кишвар наметавонад аз ҳисоби амнияти кишвари дигар таъмин шавад", - гуфт Путин.
Вай инчунин ёдовар шуд, ки Русия ҳеҷ гоҳ ба ҳамгироии Украина дар самти Аврупо эътироз накардааст.
Дар ҳамин ҳол, пас аз ҳосил шудани созишҳои дарозмуддати сулҳ зарурати истиқрори нерӯҳои ғарбӣ дар қаламрави Украина боқӣ нахоҳад монд, гуфт президент.
Форуми иқтисодии Шарқӣ (ФИШ-2024) дар кампуси Донишгоҳи федеролии Шарқи Дур дар ҷазираи Русский дар Владивосток рӯзи чаҳоршанбеи 3 сентябр оғоз шуд ва то 6 сентябр идома хоҳад кард.
Ин форум барои даҳумин бор баргузор мешавад. Мавзуи асосии чорабинӣ имсол "Шарқи Дур — ҳамкорӣ баҳри сулҳу амонӣ" буд.