Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Зеленский аз рафтан ба Маскав худдорӣ кард

© AP / Jacquelyn MartinВладимир Зеленский выступает в парке Лафайет напротив Белого дома после встречи с президентом Дональдом Трампом. Архивное фото
Владимир Зеленский выступает в парке Лафайет напротив Белого дома после встречи с президентом Дональдом Трампом. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2025
Обуна шудан
Раҳбари режими Киев иддао дорад, ки барои музокира дар ҳама гуна шакл омода аст, аммо ба Маскав рафта наметавонад
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Владимир Зеленский пешниҳоди президенти Русия Владимир Путинро дар бораи омадан ба Маскав рад кард.
Дар ин бора, президенти Украина дар мусоҳиба бо телевизиони ABC гуфтааст.
"Ман ба Маскав рафта наметавонам", - гуфт сарвари режими Киев.
Дар ҳамин ҳол, ӯ иддао дорад, ки гӯё барои мулоқот дар ҳама шакл омода аст.
Путин борҳо омодагии худро барои мулоқот бо Зеленский изҳор доштааст. Як рӯз пеш дар нишасти Форуми иқтисодии Шарқӣ ин нуктаро бори дигар тасдиқ кард ва раиси режими Киевро ба Маскав даъват кард ва қайд кард, ки ҷониби Русия тамоми шароитро барои кор ва амният фароҳам меорад.
Президент РФ Владимир Путин на пленарной сессии Восточного экономического форума. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин макони баргузории нишасти Русия ва Украинаро муайян кард
Ҳанӯз дар моҳи июн Путин гуфта буд, ки Русия фарқ намегузорад, ки музокираҳоро аз номи Киев кӣ анҷом медиҳад, аммо дар марҳалаи ниҳоӣ аснод, бояд аз ҷониби мақомоти қонунӣ имзо шавад.
Муҳлати раёсати Зеленский 20 майи соли гузашта ба поён расид. Интихоботи соли 2024 дар Украина бо баҳонаи вазъи ҳарбӣ ва сафарбаркунии умумӣ лағв шуд.
Дар навбати худ котиби матбуотии президент Дмитрий Песков тавзеҳ дод, ки Зеленский ба пойтахт барои музокира даъват шудааст ва барои таслимшавӣ.
Лентаи хабарҳо
0