Покистон ҳадаф дорад ба ИИАО шомил шавад

© AP / Rahmat GulФлаг Пакистана над городом Исламабад
Флаг Пакистана над городом Исламабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2025
Обуна шудан
Дар ин замина муовини вазири тиҷорати Покистон таъкид кард, ки ҷониби Покистон "ба наздикӣ бо Арманистон тамоси дипломатӣ барқарор кардааст"
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Покистон қасд дорад ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) шомил шавад ва феълан корҳои омодагиро анҷом медиҳад.
Дар ин бора муовини вазири савдои Покистон Носир Хамид гуфтааст, хабар медиҳад ТАСС.
"Ҳоло мо бо ИИАО музокира надорем. Аммо мо корҳои омодагиро анҷом дода, имконотро барои худ меомӯзем", - гуфт ӯ.
Дар ин замина муовини вазир таъкид кард, ки ҷониби Покистон "ба наздикӣ бо Арманистон иртиботи дипломатӣ барқарор кард".
"Аз ин рӯ, мо ҳоло ин масъаларо баррасӣ мекунем. Ва баробари қабули қарор мо барои наздик шудан бо ИИАО омода хоҳем шуд", - афзуд Ҳамид.
Покистон ният дорад Арманистонро ба унвони як кишвари узви СММ ба расмият шиносад ва барои ин дар роҳи пайвастан ба ИИАО "чароғи сабз"-ро соҳиб шавад, гуфтааст манобеъи ТАСС.
Вале, расмиёти дахлдор метавонад аз чанд ҳафта то чанд моҳ тӯл кашад.
"Дар ҳар сурат, ин дурнамои пешбинишаванда аст", - гуфтааст ӯ ва таъкид кардааст, ки созишномаи сулҳи Арманистону Озарбойҷон дар ин масъала монеае боқӣ нагузошт.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2025
Вокуниши Кремл ба узвияти комили Эрон дар ИИАО
Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, ки ҷониби Русия аз эҳёи равобити Арманистону Покистон истиқбол мекунад ва онро "қадам ба пеш" номид.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон низ аз соли 2015 самаранокии вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад.
Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба таҳкими муносибот дар дохили созмон таъкид намуд.
Дар миёнаҳои август вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2025
Вазири иқтисод пайвастшавии Тоҷикистон ба ИИАО-ро шарҳ дод
Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.

Равобити миёни Арманистон ва Покистон

Рӯзи 31 август, вазири умури хориҷии Арманистон Арарат Мирзоён ва ҳамтои покистониаш Исҳоқ Дор, дар ҳошияи нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Чин мулоқот карданд. Пас аз анҷоми музокирот вазирон баёнияе дар бораи барқарории равобити дипломатӣ имзо намуданд.
Баъди эълони истиқлолият, Арманистон ба далели мавқеъи Исломобод дар муноқишаи атрофи Қарабоғ бо Покистон равобити дипломатӣ надошт.
Гузашта аз ин, солҳои тӯлонӣ Покистон дар доктринаи амнияти миллии Арманистон ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ ном бурда мешуд.
Рӯзи 8 август вазирони корҳои хориҷии Арманистон ва Озарбойҷон созишномаи сулҳро имзо карданд.
Лентаи хабарҳо
0