Раҳмон дорандаи Ҷоизаи сулҳ шуд

© Foto / Пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев, Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и Президент Кыргызской Республики Садыр Жапаров открыли стелу Дружбы в районе стыка государственных границ трех стран. Архивное фото
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев, Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и Президент Кыргызской Республики Садыр Жапаров открыли стелу Дружбы в районе стыка государственных границ трех стран. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2025
Обуна шудан
Бо қарори ҳайати доварони Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой ҷоиза ба Президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дода шуд
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Руасои ҷумҳури Тоҷикистон, Қирғизистон, ва Узбекистон барои ҳиссаи бузурги шахсиашон барои пурзур намудани сулҳу амният дар минтакаи Осиёи Миёна ба ин мукофоти фахрӣ сарфароз гардонида шуданд.
Тавре хабаргузории ТАСС хабар додааст, Ҷоизаи дуюми байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой раҳбарони Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон Содир Ҷабборов, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дода мешавад.
Маросими супоридани ҷоиза дар Москва ба муносибати рузи таваллуди нависанда ва файласуфи барчаста Толстой барпо гардид.
"Бо қарори ҳайати доварони Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой барандагони ҷоиза дар соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев эълон карда мешавад. Қарор якдилона қабул карда шуд", — гуфт раиси ҳайати доварон, роҳбари бадеӣ ва мудири кулли театри Мариинский, мудири кулли Театри калон (Болшой театр) Валерий Гергиев.
Поздравительное послание Эмомали Рахмона по случаю 34-й годовщины государственной независимости республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2025
Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо Рӯзи истиқлолияти табрик гуфт
Тавре кумитаи тадорукоти ҷоиза зикр кард, раҳбарони се кишвар барои саҳми бузурги шахсӣ дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо ин ҷоизаи фахрӣ сарфароз гардонида шуданд.
Онҳо ёдовар шуданд, ки рӯзи 31 март миёни Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон созишнома дар бораи нуқтаи пайванди марзҳои се кишварро ба имзо расониданд ва расмиёти ҳуқуқии сарҳадҳои умумиро пурра анҷом доданд.

“Онҳо дар таъмини амнияти умумӣ ва баробар бар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳкими ҳусни тафоҳум ва ҳамкории байни халқҳо саҳми арзанда гузоштанд”, - қайд кардаанд дар кумитаи тадорукоти ҷоиза.

Ба хайати доварони байналмилалӣ, ки раисаш оқои Гергиев мебошад, ходимони сиёсӣ ва ҷамъиятии Аргентина, Белорус, Ҳиндустон, Чин, Русия, Фаронса, Африқои Ҷанубӣ ва Ҷопон шомиланд.
"Мехоҳам таъкид намоям, ки нуфузи ҷоиза рӯз то рӯз бештар мешавад ва он як қаламрави торафт васеътарро дар бар мегирад. Он ҳамчунин нишон медиҳад, ки Русия метавонад пешвои мусоидат ба сулҳу субот бошад", - гуфт Пиер де Голл, набераи бунёдгузори ҷумҳурии панҷуми Фаронса генерал Шарл де Голл дар маросим.
Подписание Худжандской декларации о вечной дружбе и Соглашение о точках стыка госграниц трех государств  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2025
Сарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон созишномаи таърихиро имзо карданд
Ба гуфтаи ӯ, ҷоиза дар соли 2025 ба сарони давлатҳое дода мешавад, ки ба нафъи сулҳ кор мекунанд ва модели нави ҳалли мушкилотро тавассути усулҳои башардӯстона пайдо кардаанд.
"Ман дар ин ҷо аз Фаронса ва Иттиҳодияи Аврупо намояндагӣ мекунам, аммо хеле шодам, ки дӯсти Русия ҳастам. Мехоҳам таъкид намоям, ки мутаассифона, Иттиҳодияи Аврупо ва Фаронса беҳтарин намунаи суулҳомез нестанд", - афзуд вай.
Бунёди Ҷоизаи Байналмилалии Сулҳ ба номи Лев Толстой 22 июни соли 2022 аз ҷониби Ҷамъияти таърихии Русия, Бунёди сулҳи Русия ва Ҷамъияти таърихи низомии Русия таъсис ёфтааст.
Санаи баргузории маросими супурдани Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба зудӣ эълон хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0