Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо Рӯзи истиқлолияти табрик гуфт

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПоздравительное послание Эмомали Рахмона по случаю 34-й годовщины государственной независимости республики Таджикистан
Поздравительное послание Эмомали Рахмона по случаю 34-й годовщины государственной независимости республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2025
Обуна шудан
Президент шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва ҳамватанони бурунмарзиро ба солгарди истиқлол табрик гуфта, аз онҳо хост, ки муттаҳиду сарҷамъ бошанд
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро ба муносибати 34-умин солгарди истиқлоли кишвар табрик гуфт.
Дар ин бора ба Хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ дод.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон истиқлолу озодӣ барои мардуми ҷумҳурӣ гаронтарин неъмат ва пурқиматтарин сарвати зиндагӣ мебошад.
Вай афзуд, ки маҳз ба шарофати истиқлол ва дар зери парчами истиқлол мардуми тоҷик 34 сол инҷониб бо заҳмати содиқонаву софдилона давлати миллии худро бунёд ва онро обод доранд.
Вай таъкид кард, ки Тоҷикистони имрӯз ҳамқадами дигар кишварҳои мутараққии олам ба сӯйи ояндаи дурахшону ободи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
“Ҷашни 34-солагии истиқлоли давлатӣ бо пешравиҳои назаррас дар иҷрои барномаву нақшаҳои қабулгардида таҷлил мегардад”, гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки то имрӯз Тоҷикистон дар ҷодаи ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва бо ғизои хушсифат таъмин кардани аҳолӣ, инчунин, саноатикунонии босуръати кишвар корҳои зиёдеро амалӣ намудем.
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2025
Путин Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро ба Рӯзи истиқлолият табрик гуфт
Эмомалӣ Раҳмон илова кард, ки иқдомоти амалигардида имкон фароҳам оварданд, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар сол ба сол коҳиш ёфта, болоравии некӯаҳволии мардум таъмин карда шавад.
Кишвардори Тоҷикистн қайд кард, ки дар ин давра, махсусан, рушди бомарому бесобиқаи соҳаҳои илму маориф ва фарҳангу маънавиёт таъмин карда шуд.
Раҳбари Тоҷикистон тайи 34 соли гузашта дар самти сиёсати хориҷӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ даҳҳо рӯйдоди муҳимми таърихӣ ба вуқӯъ пайваст ва боиси болоравии нуфузу обрӯи кишвари мо дар арсаи олам гардид.
“Ҳоло Тоҷикистонро тамоми дунё мешиносад, эътироф ва эҳтиром мекунад, ташаббусҳои онро доир ба ҳалли мушкилоти глобалӣ дастгирӣ ва амалӣ месозад”. – қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки дастовардҳои тайи 34 сол ноилшудаамон сокинонро ба ояндаи ободу осудаи Ватан дилпур месозанд ва дар айни замон, ба зиммаи ҳар яки мо масъулияти бузург мегузоранд, ки барои ҳифзи истиқлолу озодии кишварамон ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатиамон ҳамеша омода бошем.
Торжества в честь 33-й годовщины Государственной Независимости Республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2025
Аз Ҷинпин то Трампу шоҳи Арабистон: Раҳбарони ҷаҳон истиқлоли Тоҷикистонро табрик мегӯянд
“Ҳар яки мо бояд ба Ватан, миллат ва давлат содиқ бошем, сарзамини аҷдодии худро дӯст дорем ва барои пешрафту ободии он боз ҳам бештар кор кунем ва заҳмат кашем”, - афзуд раисҷумҳури кишвар.
Вай илова кард, ки дар шароити буҳрониву бисёр ҳассоси ҷаҳони муосир тоҷикистониён бояд беш аз пеш муттаҳиду сарҷамъ бошанд ва фаромӯш накунанд, ки қудрату пойдории миллат дар иттиҳоду ваҳдат аст.
“Мо вазифадорем, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллии бо баҳои бисёр гарон бадастовардаи худро эҳтиром, эҳтиёт ва ҳифз намоем”, - гуфт ӯ.
Раҳбари кишвар дар паёмаш сокинон ва ҳамватанони бурунмарзиро табрик намуда ба онҳо фараҳу шодмонӣ, осоишу оромӣ ва ба Тоҷикистони сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу кард.
Лентаи хабарҳо
0