https://sputnik.tj/20250909/rusiya-shariki-asosi-tijori-iqtisodii-tojikiston-1070997578.html
Муовини вазири корҳои хориҷӣ: Русия шарики асосии тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон аст
Муовини вазири корҳои хориҷӣ: Русия шарики асосии тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон аст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Русия, дар таҷлили ҷашни Истиқлолият давлатӣ дар шаҳри Маскав аз ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари дӯст васф карданд
2025-09-09T11:47+0500
2025-09-09T11:47+0500
2025-09-09T12:05+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
иқтисод
равобит
тиҷорат
истиқлолият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/09/1070999455_0:45:3047:1759_1920x0_80_0_0_47080767f631c7508385bbec077636d9.jpg
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Муовини вазири корхои хоричии Русия Александр Панкин дар таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Маскав гуфт, Русия дар холи хозир яке аз шарики асосии тиҷориву иқтисодии Тоҷикистон ва яке аз сармоягузори асосӣ дар иқтисоди ин кишвар аст.Вай ҳамчунин аз сатҳи ҳамкориҳои фарҳангӣ-башарӣ ва рушди маориф ба забони русӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуд."Робитаҳои таълимӣ босуръат рушд доранд. Имрӯз дар донишгоҳҳои Русия, ба истиснои филиалҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 27,5 ҳазор донишҷӯ ва аспирантҳои тоҷик таҳсил мекунанд", - афзуд Панкин.Вай ҳамчунин афзуд, квота барои донишҷӯёни Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия яке аз баландтарин дар ИДМ мебошад. Барои довталабони тоҷик Русия ҳазор квота ҷудо кардааст."Соли гузашта ҳазор квота буд, имсол ҳам 1000 квота ҷудо мешавад", - қайд кард дипломати рус.Ёдовар мешавем, ки 8 сентябри соли равон дар шаҳри Москва чорабинии тантанавӣ оид ба муносибати таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар чорабинӣ аъзои Шурои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, дигар мақомоти давлатии Русия, сафирон ва дипломатҳои хориҷӣ, доираҳои сиёсию соҳибкорӣ ва ходимони илму фарҳанги давлати иқомат, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҳамватанони муқими Русия ҳузур доштанд.Сафири Тоҷикистон дар Русия дар суханронии шодбошии худ дар бораи сиёсати дохилию хориҷӣ, дастовардҳо соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар даврони соҳибихтиёрӣ ба ҳозирин иттилоъ дод. Бо ёдоварӣ аз рушди кишвар дар солҳои истиқлолият, нақши афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҳамкории шарикии стратегӣ бо Русия зикр гардид.Дар назди ҳозирин, инчунин Муовини раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Журавлев Николай ва Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Панкин Александр суханронӣ карданд.Онҳо ҷониби Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, оид ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари дӯст васф карданд.Чорабиниро барномаи фарҳангӣ, ки таҷассумгари таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ ва бозгуй аз анъанаҳои деринаи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, пуршукуҳ гардонид.
https://sputnik.tj/20250909/emomali-rahmon-tojikistoniyon-ruzi-istiqloliyati-tabrik-1070986514.html
https://sputnik.tj/20250908/putin-rahmon-mardumi-tojikiston-ruzi-istiqloliyat-tabrik-1070970605.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/09/1070999455_159:0:2890:2048_1920x0_80_0_0_4fd4f366353020bc8b07d3e505ace370.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, тиҷорат, истиқлолият, маскав, таҷлил
русия, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, тиҷорат, истиқлолият, маскав, таҷлил
Муовини вазири корҳои хориҷӣ: Русия шарики асосии тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон аст
11:47 09.09.2025 (Навсозишуда: 12:05 09.09.2025) Мақомоти Русия, дар таҷлили ҷашни Истиқлолият давлатӣ дар шаҳри Маскав аз ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари дӯст васф карданд
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Муовини вазири корхои хоричии Русия Александр Панкин дар таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Маскав гуфт, Русия дар холи хозир яке аз шарики асосии тиҷориву иқтисодии Тоҷикистон ва яке аз сармоягузори асосӣ дар иқтисоди ин кишвар аст.
"Имрӯз Русия шарики аслии тиҷориву иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад. Воқеан ҳам, гардиши мол дар ҳоли ҳозир рушди устувор нишон медиҳад. Давлати мо низ яке аз сармоягузорони асосии иқтисоди Тоҷикистон буда, дар шумори корхонаҳои муштарак мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Ҳоло дар ин кишвар беш аз 330 ширкати муштарак фаълият дорад", — гуфт Панкин дар ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, ки дар шаҳри Маскав баргузор шуд.
Вай ҳамчунин аз сатҳи ҳамкориҳои фарҳангӣ-башарӣ ва рушди маориф ба забони русӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуд.
"Робитаҳои таълимӣ босуръат рушд доранд. Имрӯз дар донишгоҳҳои Русия, ба истиснои филиалҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 27,5 ҳазор донишҷӯ ва аспирантҳои тоҷик таҳсил мекунанд", - афзуд Панкин.
Вай ҳамчунин афзуд, квота барои донишҷӯёни Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия яке аз баландтарин дар ИДМ мебошад. Барои довталабони тоҷик Русия ҳазор квота ҷудо кардааст.
"Соли гузашта ҳазор квота буд, имсол ҳам 1000 квота ҷудо мешавад", - қайд кард дипломати рус.
Ёдовар мешавем, ки 8 сентябри соли равон дар шаҳри Москва чорабинии тантанавӣ оид ба муносибати таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ аъзои Шурои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, дигар мақомоти давлатии Русия, сафирон ва дипломатҳои хориҷӣ, доираҳои сиёсию соҳибкорӣ ва ходимони илму фарҳанги давлати иқомат, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҳамватанони муқими Русия ҳузур доштанд.
Сафири Тоҷикистон дар Русия дар суханронии шодбошии худ дар бораи сиёсати дохилию хориҷӣ, дастовардҳо соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар даврони соҳибихтиёрӣ ба ҳозирин иттилоъ дод. Бо ёдоварӣ аз рушди кишвар дар солҳои истиқлолият, нақши афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҳамкории шарикии стратегӣ бо Русия зикр гардид.
Дар назди ҳозирин, инчунин Муовини раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Журавлев Николай ва Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Панкин Александр суханронӣ карданд.
Онҳо ҷониби Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, оид ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари дӯст васф карданд.
Чорабиниро барномаи фарҳангӣ, ки таҷассумгари таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ ва бозгуй аз анъанаҳои деринаи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, пуршукуҳ гардонид.