https://sputnik.tj/20250908/putin-rahmon-mardumi-tojikiston-ruzi-istiqloliyat-tabrik-1070970605.html
Путин Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро ба Рӯзи истиқлолият табрик гуфт
Путин Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро ба Рӯзи истиқлолият табрик гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин дар паёми табрикотии хеш ба дастовардҳои ва робитаҳои созандаи Душанбе бо Маскав ишора кард
2025-09-08T11:39+0500
2025-09-08T11:39+0500
2025-09-08T11:55+0500
дар тоҷикистон
истиқлолият
ҷашни истиқлолияти давлатӣ
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
паёми табрикот
табрикот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1d/1049600171_0:0:3075:1731_1920x0_80_0_0_0664837869a204c8bfc0e93c9fdce4c8.jpg
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон барқияи табрикотӣ фиристод.Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар ин паём раҳбари Русия табрикоти самимӣ расонида, ҳамчунин аз муваффақиятҳои Душанбе дар 34 соли мустақилияташ ёдовар шудааст.Раисҷумҳури Русия дар паёми табрикотии худ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба комёбиҳои назаррас даст ёфта, дар арсаи байналмилалӣ аз обрӯю эътибори шоиста бархурдор гардидааст.Раҳбари Русия таъкид кардааст, ки кишвараш минбаъд низ робитаҳои созандаи дуҷонибаамонро ба нафъи ду мардум, ба манфиати таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба тақвият хоҳад дод.Ӯ дар фарҷом ба Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом, комёбиҳо ва ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон некуаҳволӣ ва шукуфоӣ таманно кард.
https://sputnik.tj/20250829/istiqloliyat-maskav-parchamhoi-tojikiston-oro-1070537835.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1d/1049600171_280:0:3011:2048_1920x0_80_0_0_093ee8c8a6dc2b16e6d2c1a0ef75b42a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, путин, раҳмон, табрик, истиқолилят, табрикот, паём
тоҷикистон, путин, раҳмон, табрик, истиқолилят, табрикот, паём
Путин Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро ба Рӯзи истиқлолият табрик гуфт
11:39 08.09.2025 (Навсозишуда: 11:55 08.09.2025) Президенти Русия Владимир Путин дар паёми табрикотии хеш ба дастовардҳои ва робитаҳои созандаи Душанбе бо Маскав ишора кард
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон барқияи табрикотӣ фиристод.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин паём раҳбари Русия табрикоти самимӣ расонида, ҳамчунин аз муваффақиятҳои Душанбе дар 34 соли мустақилияташ ёдовар шудааст.
Раисҷумҳури Русия дар паёми табрикотии худ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба комёбиҳои назаррас даст ёфта, дар арсаи байналмилалӣ аз обрӯю эътибори шоиста бархурдор гардидааст.
“Равобити Русия ва Тоҷикистон дар руҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ муваффақона рушд мекунанд. Давлатҳои мо дар самтҳои гуногун ҳамкории босамар доранд, талошҳои худро дар доираи ИДМ, СААД, СҲШ, СММ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамоҳанг месозанд”, - қайд кардааст Владимир Путин.
Раҳбари Русия таъкид кардааст, ки кишвараш минбаъд низ робитаҳои созандаи дуҷонибаамонро ба нафъи ду мардум, ба манфиати таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба тақвият хоҳад дод.
Ӯ дар фарҷом ба Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом, комёбиҳо ва ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон некуаҳволӣ ва шукуфоӣ таманно кард.