https://sputnik.tj/20250902/korshinos-uzviyat-shsh-iqtisodi-tojikiston-qavi-mekunad-video-1070796864.html
Коршинос: Узвият дар СҲШ иқтисоди Тоҷикистонро қавӣ мекунад - видео
Коршинос: Узвият дар СҲШ иқтисоди Тоҷикистонро қавӣ мекунад - видео
Sputnik Тоҷикистон
Нишасти сарони СҲШ дар Тянҷин баргузор шуд. Дар он беш аз 20 раҳбар ва 10 нафар аз созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд
2025-09-02T19:47+0500
2025-09-02T19:47+0500
2025-09-02T19:47+0500
видео
сҳш
нишаст
дар ҷаҳон
дар тоҷикистон
чин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/02/1070796697_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_2f9a7d857788c2ef52604fbe039da896.jpg
Нишасти сарони СҲШ дар Тянҷин баргузор шуд. Дар он беш аз 20 раҳбар ва 10 нафар аз созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон натоиҷи аслии ин чорабиниро бо Евгений Коренев, номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии Саратов ба номи Чернишевский, коршиноси Пажӯҳишгоҳи мушкилоти ҷорӣ ва байналмилалии Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Русия баррасӣ кард.Евгений Коренев, номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии Саратов ба номи Чернишевский, коршиноси Пажӯҳишгоҳи мушкилоти рӯзмарра ва байналмилалии Академияи дипломатии Русия гуфт, ки дар таърихи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ҳеҷ гоҳ чунин як чорабинии густурда ба мисли нишасти Тянҷин баргузор нашуда буд."Адолат бояд барқарор шавад": Путин шартҳои ҳалли муноқиша дар Украинаро гуфтБа эътиқоди вай, СҲШ ба яке аз муҳимтарин қудрат, дар бахши дипломатӣ ва иқтисод дар фазои АвруОсиё табдил ёфтааст.Коршинос ёдовар шуд, ки айни замон СҲШ дар арсаи байналмилалӣ нақши басо муҳимро мебозад - дар ниҳоят, созмон ба марҳилаи фаъолияти худ наздик мешавад.Миёни асноди имзошуда созишнома дар бораи маркази универсалии муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти аъзои СҲШ низ мавҷуд аст."Дар бораи он, ки дар назди ин марказ чӣ вазифаҳои фаврӣ гузошта шудааст, ҳанӯз маълумоти дақиқ вуҷуд надорад. Аммо ҳатто худи номи ин сохтор ба он гувоҳӣ медиҳад, ки ин марказ метавонад унсури асосӣ дар бунёди як низоми ягонаи амниятӣ дар СҲШ шавад", - таъкид кард коршинос.Коренев ба декларацияи Тяньцзин ишора кард ва дар бораи пурзур шудани бахши иктисодӣ кайд кард.Пизишкиён: Ҳамкориҳои Теҳрону Душанбе дар тамоми арсаҳо рӯ ба густариш астБо вуҷуди ин, ӯ таъкид кард, ки дар ин ҷо мушкилот мавҷуд аст. Ҳамин тариқ, дар байни кишварҳое, ки ташаббуси чинии “Як камарбанд, як роҳ”-ро пазируфтаанд, дар он бозигари асосии иқтисодӣ– Ҳиндустон вуҷуд надорад.Ба ақидаи ӯ, бо ҳамин роҳ мақомоти Ҳиндустон бештар истиқлолият, соҳибихтиёрии иктисодӣ мехоханд. Дар ҳоле, ки кишварҳои дигари узви робитаҳои бузурги АвруОсиёӣ ба роҳ монанд."Дар матни эъломия гуфта мешавад, ки ин яке аз бахшҳои эҳтимолии ташаккули фазои ягонаи иқтисодӣ аст. Барои Русия хеле муҳим аст. Ин метавонад дар сурати дуруст амалӣ шудани он, ба иқтисод таъсири бузурге расонад ", - бовар дорад Коренев.Вай афзуд, ки нуқтаи калидӣ, чун ҳамеша дар ҳуҷҷатҳои СҲШ, махсусан солҳои охир, хоҳиши ҷаҳони бисёрқутбӣ мебошад.Раҳмон бо Си ҷинпин таъсиси марказҳои хизматрасонии иттилоотию технологиро баррасӣ кард"Ин кори зиёде барои солҳо ва шояд даҳсолаҳои оянда дар робита ба бунёди воқеан ҷаҳони одил аст", - таъкид кард коршинос.Коренев ба аҳамияти СҲШ барои Тоҷикистон ишора кард, ёдовар шуд, ки ҷумҳурӣ маҳз ба шарофати узвият дар ин созмон иқтидори худро ба таври назаррас таҳким бахшида, имкониятҳои иловагӣ пайдо кардааст."Тоҷикистон низ метавонад ба кори ташаккули долонҳои нақлиётию логистикӣ, таҳияи лоиҳаҳои мушаххаси иқтисодӣ ҳамроҳ шавад ва ин барои ҷумҳурӣ хеле муҳим аст", - гуфт ӯ.Ба ақидаи ӯ, раҳбарияти ҷумҳурӣ имконотеро мебинад, ки ба шарофати узвият дар СҲШ боз мешавад.
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/02/1070796697_480:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_112da29fca523b4d66175e0f4bd54e28.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, чин, нишаст, сҳш, коршинос, иқтисод, ҳамкорӣ, иқтисод, видео
тоҷикистон, чин, нишаст, сҳш, коршинос, иқтисод, ҳамкорӣ, иқтисод, видео
Коршинос: Узвият дар СҲШ иқтисоди Тоҷикистонро қавӣ мекунад - видео
Нишасти сарони СҲШ дар Тянҷин баргузор шуд. Дар он беш аз 20 раҳбар ва 10 нафар аз созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд
Нишасти сарони СҲШ дар Тянҷин баргузор шуд. Дар он беш аз 20 раҳбар ва 10 нафар аз созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон натоиҷи аслии ин чорабиниро бо Евгений Коренев, номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии Саратов ба номи Чернишевский, коршиноси Пажӯҳишгоҳи мушкилоти ҷорӣ ва байналмилалии Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Русия баррасӣ кард.
Евгений Коренев, номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии Саратов ба номи Чернишевский, коршиноси Пажӯҳишгоҳи мушкилоти рӯзмарра ва байналмилалии Академияи дипломатии Русия гуфт, ки дар таърихи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ҳеҷ гоҳ чунин як чорабинии густурда ба мисли нишасти Тянҷин баргузор нашуда буд.
Ба эътиқоди вай, СҲШ ба яке аз муҳимтарин қудрат, дар бахши дипломатӣ ва иқтисод дар фазои АвруОсиё табдил ёфтааст.
Коршинос ёдовар шуд, ки айни замон СҲШ дар арсаи байналмилалӣ нақши басо муҳимро мебозад - дар ниҳоят, созмон ба марҳилаи фаъолияти худ наздик мешавад.
Миёни асноди имзошуда созишнома дар бораи маркази универсалии муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти аъзои СҲШ низ мавҷуд аст.
"Дар бораи он, ки дар назди ин марказ чӣ вазифаҳои фаврӣ гузошта шудааст, ҳанӯз маълумоти дақиқ вуҷуд надорад. Аммо ҳатто худи номи ин сохтор ба он гувоҳӣ медиҳад, ки ин марказ метавонад унсури асосӣ дар бунёди як низоми ягонаи амниятӣ дар СҲШ шавад", - таъкид кард коршинос.
Коренев ба декларацияи Тяньцзин ишора кард ва дар бораи пурзур шудани бахши иктисодӣ кайд кард.
Бо вуҷуди ин, ӯ таъкид кард, ки дар ин ҷо мушкилот мавҷуд аст. Ҳамин тариқ, дар байни кишварҳое, ки ташаббуси чинии “Як камарбанд, як роҳ”-ро пазируфтаанд, дар он бозигари асосии иқтисодӣ– Ҳиндустон вуҷуд надорад.
Ба ақидаи ӯ, бо ҳамин роҳ мақомоти Ҳиндустон бештар истиқлолият, соҳибихтиёрии иктисодӣ мехоханд. Дар ҳоле, ки кишварҳои дигари узви робитаҳои бузурги АвруОсиёӣ ба роҳ монанд.
"Дар матни эъломия гуфта мешавад, ки ин яке аз бахшҳои эҳтимолии ташаккули фазои ягонаи иқтисодӣ аст. Барои Русия хеле муҳим аст. Ин метавонад дар сурати дуруст амалӣ шудани он, ба иқтисод таъсири бузурге расонад ", - бовар дорад Коренев.
Вай афзуд, ки нуқтаи калидӣ, чун ҳамеша дар ҳуҷҷатҳои СҲШ, махсусан солҳои охир, хоҳиши ҷаҳони бисёрқутбӣ мебошад.
"Ин кори зиёде барои солҳо ва шояд даҳсолаҳои оянда дар робита ба бунёди воқеан ҷаҳони одил аст", - таъкид кард коршинос.
Коренев ба аҳамияти СҲШ барои Тоҷикистон ишора кард, ёдовар шуд, ки ҷумҳурӣ маҳз ба шарофати узвият дар ин созмон иқтидори худро ба таври назаррас таҳким бахшида, имкониятҳои иловагӣ пайдо кардааст.
"Тоҷикистон низ метавонад ба кори ташаккули долонҳои нақлиётию логистикӣ, таҳияи лоиҳаҳои мушаххаси иқтисодӣ ҳамроҳ шавад ва ин барои ҷумҳурӣ хеле муҳим аст", - гуфт ӯ.
Ба ақидаи ӯ, раҳбарияти ҷумҳурӣ имконотеро мебинад, ки ба шарофати узвият дар СҲШ боз мешавад.