Раҳмон бо Си Ҷинпин таъсиси марказҳои хизматрасонии иттилоотию технологиро баррасӣ кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча президента республики Таджикистан Эмомали Рахмона с председателем Китайской Народной Республики Си Цзиньпином.
Встреча президента республики Таджикистан Эмомали Рахмона с председателем Китайской Народной Республики Си Цзиньпином. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2025
Обуна шудан
Роҳбарони Тоҷикистону Чин зимни мулоқот дар Пекин маҷмуи масоили ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо раҳбари Чин Си Ҷинпин мулоқот кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти президенти кишвар хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла робитаҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, бо таваҷҷуҳи зиёд ба рӯзномаи Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор таъкид кардааст, ки бо вуҷуди шароити мураккаби геосиёсӣ Созмони ҳамкории Шанхай дар таъмини амну субот ва густариши робитаҳои судманди байнидавлатӣ саҳми худро мегузорад.
© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча президента республики Таджикистан Эмомали Рахмона с председателем Китайской Народной Республики Си Цзиньпином.
Встреча президента республики Таджикистан Эмомали Рахмона с председателем Китайской Народной Республики Си Цзиньпином. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2025
Ҷонибҳо аз такмили абзорҳои ҳамкорӣ дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Чин” изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар мулоқот роҳбарони ду кишвар ба масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҳамаи арсаҳои ҷавобгӯи манфиатҳои мардумони ду кишвар, аз ҷумла иқтисодиву тиҷоратӣ, рақамикунонӣ, таҷдиду рушди инфрасохтори нақлиётӣ, логистика, истифодаи имкониятҳои транзитӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои Чин ба иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Таъсиси марказҳои хизматрасонии иттилоотию технологӣ (Data center), таҳкими амнияти киберӣ, истифода аз зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ аз самтҳои дигари ҳамкории стратегӣ номида шуд.
Эмомали Рахмон провёл встречу с премьер-министром Исламской Республики Пакистан Шахбазом Шарифом.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2025
Аз нафту газ то КАСА -1000: Ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон густариш меёбанд
Зикр карда шудааст, ки дар мулоқот ҳамкории ду кишвар дар соҳаи гидроэнергетика низ яке аз масъалаҳои авлавиятнок буд.
Ҳамчунин тавсеаи ҳамкории байниминтақавӣ ҷавобгӯи манфиатҳои муштарак арзёбӣ гардид.
Дар мулоқот рушди робитаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илму техника ва сайёҳӣ ба мақсад мувофиқ дониста шудааст.
Таъкид гардидааст Тоҷикистону Чин, дар самти таъмини амният ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир мавқеъи ҳамсон доранд.
Лентаи хабарҳо
0