Пизишкиён: Ҳамкориҳои Теҳрону Душанбе дар тамоми арсаҳо рӯ ба густариш аст

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча Эмомали Рахмона с Президентом Исламской Республики Иран Масудом Пизишкияном
Встреча Эмомали Рахмона с Президентом Исламской Республики Иран Масудом Пизишкияном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2025
Обуна шудан
Раисҷумҳури Эрон дар дидор бо кишвардори Тоҷикистон дар Чин бар аҳамияти густариши ҳамкориҳои фимобин таъкид кард
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон дар дидор бо Масъуд Пизишкиён раисҷумҳури Эрон дар ҳошияи иҷлосияи сарони Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), зимни ибрози хурсандӣ аз дидорҳо ва тамосҳои мукаррари сарони ду кишвар дар ростои тақвияти дӯстӣ ва бародарии ду миллати ҳам реша ва мутамаддин бар аҳамияти густариши ҳамкориҳои фимобин таъкид кард.
“Бояд талош кунем гузаштаи шукуҳманди муштараки Эрону Тоҷикистон ба насли ҷадиди ду кишвар ёдоварӣ шавад”, - гуфт ӯ.
Раисҷумҳур бо баёни инки раванди таъомулот миёни ду кишвар дар солҳои ахир ҳамвора мусбат ва рӯ ба густариш будааст, афзуд: ҳамкориҳои Теҳрону Душанбе дар солҳои ахир дар тамоми заминаҳои транзитӣ, тиҷорӣ, гардишгарӣ, илмӣ ва иртибототи мардумӣ дар ҳоли иртиқо ва густариш будааст.
Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон низ дар ин дидор аз алоқамандӣ барои густаришу таъмиқи равобити дуҷониба ба вижа дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва иртибототи мардумӣ таъкид кард.
Эмомали Рахмон провел встречу с Президентом Азиатского банка инфраструктурных инвестиций Цзин Лицюнем  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2025
Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ ба сохтмони НБО “Роғун” пули бештар медиҳад
Вай бори дигари таҷовузи Низомии Исроилу Амрико ба Эронро ба шиддат маҳкум кард.
Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози ризоят аз ҳамкориҳои созандаи ду кишвар дар арсаҳои дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ аз ҷумла дар маҷмуъ чорчубҳои байналмилалӣ гуфт, Эрон ҷойгоҳи таърихӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва тамаддунии бисёр бузурге дорад.
Лентаи хабарҳо
0