Путин дар бораи таъсири СҲШ ба масоили байналмилалӣ таъкид кард

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин выступает на заседании Совета глав государств – членов Шанхайской организации сотрудничества (ШОС) в Тяньцзине.
Президент РФ Владимир Путин выступает на заседании Совета глав государств – членов Шанхайской организации сотрудничества (ШОС) в Тяньцзине.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2025
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия дар СҲШ, ки дар Чин мегузарад гуфт Созмон нуфузи худро дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ афзоиш хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) нуфузи худро дар ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ тадриҷан афзоиш хоҳад дод.
Дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар нишасти сарони СҲШ изҳор дошт, хабар медиҳад РИА Новости.
Ба гуфтаи вай, ин Созмон як локомотиви ҷараёнҳои рушди ҷаҳонӣ ва истиқрори бисёрҷонибаи ҳақиқӣ шудааст.
Владимир Путин, дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай аз поёни давраи модели равобити евроатлантикӣ ва нақши муҳими СҲШ дар ташаккули низоми нави ҷаҳонӣ таъкид кард.
Вай инчунин ба аҳамияти музокироти ахир бо Доналд Трамп ишора кард.
Раисиҷумҳури Русия аз оғози низоми одилонатар хабар дод. Ӯ аз нақши калидии СҲШ дар ташаккули модели нави тартиботи ҷаҳонӣ таъкид кард.
 Встреча Эмомали Рахмона с Си Цзиньпином в рамках второго форума Центральная Азия-Китай. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2025
Раҳмон: Нишасти Чин ба рушди СҲШ такони нав хоҳад бахшид
Ин низом бояд моделҳои кӯҳнашудаи евромарказӣ ва евроатлантикиро бо назардошти манфиатҳои доираи васеи кишварҳо иваз намояд.
Владимир Путин инчунин қайд кард, ки дар тиҷорати мутақобила кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) бештар аз пули миллӣ истифода мекунанд.
Ба гуфтаи вай, суръати рушди ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ин созмон қобили таваҷҷуҳ аст.
“Афзоиши миёнаи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои узви СҲШ дар соли 2024 беш аз 5%, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 4,6%-ро ташкил дод. Савдои моқобил низ дар ҳоли рушд аст. Ҳамаи ин аз нишондиҳандаҳои ҷаҳонӣ баландтар аст”, - таъкид кард раҳбари Русия.
Ба гуфтаи Путин, Калисои Православии Русия дар ташаккули фазои эътимод ва ҳамкорӣ дар қитъаи Авруосиё саҳми арзанда мегузорад.
Ин омилҳо, ба гуфтаи вай, ба фароҳам овардани заминаҳои сиёсиву иқтисодӣ барои рушди устувор ва субот дар тамоми минтақа мусоидат мекунанд.
Сарвари Русия дар поёни суханронии худ гуфт, ки ҷаласаи навбатии сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ моҳи ноябр дар Маскав баргузор мешавад.
Встреча главы Таджикистана Эмомали Рахмон и председателя КНР Си Цзиньпина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2025
Президенти Тоҷикистон раиси Чинро дӯст хонд
Путин бо як сафари чаҳоррӯза аз Чин дидан кард. Ҳоло ӯ дар Тянҷзин, дар нишасти сарони СҲШ қарор дорад. Рӯзи 3 сентябр дар майдони Тянанмени Пекин бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги муқовимати мардуми Чин алайҳи таҷовузи Ҷопон ва Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, ки ба он раҳбари Русия низ ба он даъват шудааст, гузашти низомӣ баргузор мешавад.
Пас аз Чин Путин ба Владивосток меравад ва дар 10-умин Форуми иқтисодии шарқӣ, ки аз 3 то 6 сентябр дар кампуси Донишгоҳи федеролии Шарқи Дур баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0