Президенти Тоҷикистон раиси Чинро дӯст хонд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча главы Таджикистана Эмомали Рахмон и председателя КНР Си Цзиньпина
Встреча главы Таджикистана Эмомали Рахмон и председателя КНР Си Цзиньпина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2025
Обуна шудан
Кишвардори Тоҷикистон дар мусоҳиба бо рӯзномаи "China Daily" қабл аз сафараш ба Чин барои ширкат дар нишасти сарони СҲШ дар бораи Си Ҷинпин изҳори андеша кард
ДУШАНБЕ, 31 август — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Си Ҷинпин, раиси Чинро дӯст медонад.
Дар ин бора кишвардор дар мусоҳибае бо рӯзномаи "China Daily" қабл аз сафараш ба Чин барои ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар Тянҷзин гуфтааст.
Раисиҷумҳур раиси Чинро на танҳо "роҳбари ботаҷриба ва дурандеш, балки шахсияти амиқи фарҳангӣ, садоқати бепоён ба халқи худ ва хирадманди ҳалим" номид.
"Яке аз муҳимтарин хислатҳои раҳбарии дӯсти ман Си Ҷинпин ин маҳорати ӯ дар омезиши беҳтарин суннатҳои тамаддуни бузурги Чин бо тақозоҳои замони муосир аст", - гуфт ӯ.
Вай раиси Чинро "раҳбари дорои нуфузи ҷаҳонӣ" номид. Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ташаббусҳои Си Ҷинпин аҳамияти стратегӣ доранд.
Эмомали Рахмон на заседании Совета глав государств–членов ШОС в Бишкеке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2025
Иштироки Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои СҲШ дар Чин
"Муҳимтарин ташаббусҳо дар соҳаи рушди умумӣ ва амният мебошанд, зеро онҳо ба ҳалли мушкилоти глобалӣ тавассути рушди ҳамоҳангшуда ва таъмини амнияти ҳам минтақавӣ ва ҳам ҷаҳонӣ нигаронида шудаанд", - қайд кард Раҳмон.
Ба гуфтаи ӯ, ин иқдомҳо "возеан нишон медиҳанд, раҳбаре, ки ҷаҳонбинии васеъ ва дарки қавии масъулияти ҷаҳонӣ дорад, метавонад дар сулҳу субот ва шукуфоии умумиҷаҳон саҳми арзанда гузорад".
Нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ аз 31 август то 1 сентябр дар Тянҷзини Чин баргузор мешавад ва дар он раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбарони беш аз 20 давлат ва сарони 10 созмони байналмилалӣ ширкат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0