https://sputnik.tj/20250831/rahmon-chin-shsh-takon-nav-1070689370.html
Раҳмон: Нишасти Чин ба рушди СҲШ такони нав хоҳад бахшид
Раҳмон: Нишасти Чин ба рушди СҲШ такони нав хоҳад бахшид
Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон бар ин бовар аст, ки ин нишаст дар ҳамкориҳои аъзои СҲШ "саҳифаи нав мекушояд" ва як қадам ба пеш хоҳад буд
2025-08-31T16:15+0500
2025-08-31T16:15+0500
2025-09-01T11:53+0500
сҳш
чин
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/11/1068190695_0:213:2048:1365_1920x0_80_0_0_e03a4fd1c6db514be41549173e00e135.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, гуфт, нишасти қарибулвуқӯи сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Тянҷин ба рушди ин созмон ва ҳамкориҳои кишварҳои узви ин созмон такони нав хоҳад бахшид. Суханони ӯ дар арафаи мулоқот, ки аз 31 август то 1 сентябр баргузор мешавад, дар рӯзномаи China Daily нашр шудааст. Раҳбари Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки ин нишаст дар равобити аъзои СҲШ "саҳифаи нав" боз мекунад.Раҳмон хизматҳои шоистаи Чинро ба унвони як кишвари раис, ки тавонистааст тавоноии бузурги худро бо имконоти созмон муттаҳид кунад ва мавқеъашро ба зинаи нав боло барад, қайд кард. Ба гуфтаи раисиҷумҳур, ҳамкорӣ дар заминаи амният, ки гарави аслии иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ, энержӣ ва зербиноӣ аст, аҳамияти хоса дорад.Вай таъкид кард, ки дастгирии Чин аз рушди нақлиёт, энергияи таҷдидшаванда ва афзоиши гардиши тиҷорат барои ҳамгироии амиқ заминаи мустаҳкам мегузорад. Раҳмон ҳамчунин аз сафари қарибулвуқӯъи худ ба Чин изҳори интизориҳои зиёд кард, ки ба эътиқоди вай, ҳам барои равобити дуҷониба ва ҳам аз назари муваффақияти нишасти Тянҷин муҳим хоҳад буд.Нишасти сарони СҲШ аз 31 август то 1 сентябр дар шаҳри Тянҷин дар шимоли Чин баргузор мешавад.Ба гуфтаи ташкилкунандагон, ин чорабинӣ аз замони таъсиси СҲШ - 2001 бузургтарин чорабинӣ хоҳад буд ва "ҳамбастагии Ҷануби Ҷаҳонӣ" ва "кӯмак ба Русия, ки таҳти таҳримҳо қарор гирифтааст, барои табаддулоти навбатии дипломатӣ" нишон хоҳад дод.Иштироки Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои СҲШ дар ЧинДар ин ҳамоиш беш аз 20 раҳбарони ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.Тавре Вазорати корҳои хориҷии Чин қайд мекунад, дар тӯли солҳо СҲШ аз як иттиҳодияи минтақавӣ, ки узви он шаш кишвар буд ба як сохторе табдил ёфт, ки ҳоло 10 узви доимӣ дораду 16 кишвари дигар дар он нозиранд.Вазифаҳои асосии ин Созмон аз ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва таъмини амният то ҳамкориҳои иқтисодӣ ва низомӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20250831/prezident-tojikiston-raisi-chin-dust-1070668788.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/11/1068190695_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_06fd3ef82a446b00229d10285312dfe0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон, нишаст, сҳш, чин
Раҳмон: Нишасти Чин ба рушди СҲШ такони нав хоҳад бахшид
16:15 31.08.2025 (Навсозишуда: 11:53 01.09.2025) Раҳмон бар ин бовар аст, ки ин нишаст дар ҳамкориҳои аъзои СҲШ "саҳифаи нав мекушояд" ва як қадам ба пеш хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, гуфт, нишасти қарибулвуқӯи сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Тянҷин ба рушди ин созмон ва ҳамкориҳои кишварҳои узви ин созмон такони нав хоҳад бахшид.
Суханони ӯ дар арафаи мулоқот, ки аз 31 август то 1 сентябр баргузор мешавад, дар рӯзномаи China Daily нашр шудааст.
Раҳбари Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки ин нишаст дар равобити аъзои СҲШ "саҳифаи нав" боз мекунад.
Раҳмон хизматҳои шоистаи Чинро ба унвони як кишвари раис, ки тавонистааст тавоноии бузурги худро бо имконоти созмон муттаҳид кунад ва мавқеъашро ба зинаи нав боло барад, қайд кард.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур, ҳамкорӣ дар заминаи амният, ки гарави аслии иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ, энержӣ ва зербиноӣ аст, аҳамияти хоса дорад.
Вай таъкид кард, ки дастгирии Чин аз рушди нақлиёт, энергияи таҷдидшаванда ва афзоиши гардиши тиҷорат барои ҳамгироии амиқ заминаи мустаҳкам мегузорад.
Раҳмон ҳамчунин аз сафари қарибулвуқӯъи худ ба Чин изҳори интизориҳои зиёд кард, ки ба эътиқоди вай, ҳам барои равобити дуҷониба ва ҳам аз назари муваффақияти нишасти Тянҷин муҳим хоҳад буд.
Нишасти сарони СҲШ аз 31 август то 1 сентябр дар шаҳри Тянҷин дар шимоли Чин баргузор мешавад.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, ин чорабинӣ аз замони таъсиси СҲШ - 2001 бузургтарин чорабинӣ хоҳад буд ва "ҳамбастагии Ҷануби Ҷаҳонӣ" ва "кӯмак ба Русия, ки таҳти таҳримҳо қарор гирифтааст, барои табаддулоти навбатии дипломатӣ" нишон хоҳад дод.
Дар ин ҳамоиш беш аз 20 раҳбарони ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Чин қайд мекунад, дар тӯли солҳо СҲШ аз як иттиҳодияи минтақавӣ, ки узви он шаш кишвар буд ба як сохторе табдил ёфт, ки ҳоло 10 узви доимӣ дораду 16 кишвари дигар дар он нозиранд.
Вазифаҳои асосии ин Созмон аз ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва таъмини амният то ҳамкориҳои иқтисодӣ ва низомӣ мебошад.